21.9 C
Dushanbe

Бехабарии вазири адлия аз “қонуни афв”

Музаффар Ашуриён вазири адлияи Тоҷикистон аз қабули қонун “Дар бораи афв” изҳори бехабарӣ кард.

Имрӯз 12-уми июл дар Душанбе нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рафти нишаст аз Вазири адлия Музаффар Ашуриён дар бораи қабули қонуни “Афви тиллоӣ” бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон пурсида шуд.

Вай дар посух ба рӯзноманигорон Ашуриён гуфт, ки қабули қонун “Дар бораи афв” ба салоҳияти Президенти Тоҷикистон мансуб аст.

“Дар Вазорати адлия, то ҳол дар бораи қонуни авф сӯҳбате нашудааст. Ташаббуси қабули чунин қонун аз ҷониби президент садо дода, сипас ба парлумон равона мегардад”, – гуфт вазир дар посух ба рӯзноманигорон.

Дар ҳоле Вазири адлия аз қабули чунин қонун изҳорӣ бехабарӣ мекунад, ки хабаргузории “Бомдод” охири моҳи майи соли ҷорӣ аз қабули қонуни “Авфи тиллоӣ” хабар дода буд.

Ба навиштаи “Бомдод” ин қонуни афв шояд моҳи августи соли ҷорӣ қабул шавад, то маҳбусони афвшуда битавонанд 30-солагии истиқлоли Тоҷикистонро, ки 9-уми сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, дар озодӣ, дар канори наздиконашон ҷашн бигиранд. Бино ба бархе ҳисобҳо, афви нав метавонад аз 15 то 20 ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 50 % аз ҳудуди 11 ҳазор маҳбусро фаро бигирад.

Бори охир қонуни афв дар Тоҷикистон соли 2019 бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон қабул шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.