26.9 C
Dushanbe

Беш аз 75% аҳолии калонсол дар кишвар бар зидди COVID-19 эм карда шуданд

Дар Тоҷикистон то 20-уми январи соли ҷорӣ 4,3 миллион аҳолии аз 18-сола болои Тоҷикистон ваксинаи зидди вируси COVID-19 гирифтаанд.

Акс аз “adbmch.tj”

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то рӯзи 20-уми январ дар маҷмуъ 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар ё 75,6 дарсади аҳолии аз 18-сола болои Тоҷикистон эм карда шудаанд. Аммо вояи дуюмро 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар ё 63,1% гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки то кунун дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва ба баъзе кишварҳо ба Тоҷикистон ҳудуди 10 миллион воксинҳои “Pfaizer”, “Moderna”, “CoronaVac”, “AstraZeneca” ва “Sputnik V” ворид гаштааст. Гуфта мешавад, ки ин миқдор қариб ба тамоми аҳолии аз 18-сола болои кишвар барои ду воя ваксин задан кофӣ хоҳад буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.