Ҷаҳон

Блинкен: Агар Русия бихоҳад ҷанг дар Украина ҳамин рӯз хотима меёбад

Вазири корҳои хориҷаи Иёлотои Муттаҳидаи Амрико Энтони Блинкен мегӯяд, агар раисҷумҳури Русия Владимир Путин бихоҳад, ҷанг дар Украина худи ҳамин рӯз хотима меёбад.

Энтони Блинкен меафзояд, агар фурсати сулҳу созиш дар ҷанги Украинаву Русия пеш биёяд, ҳатман аз он истиқбол хоҳанд кард. "Вале чун раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҷангро оғоз кардааст, ӯ низ метавонад онро хотима диҳад."

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш мақомоти Русия ва ҳатто Путин гуфта буд, ки калиди хотимаи ҷанг дар дасти Амрико аст, ҳар вақте раисҷумҳури ин кишвар Ҷо Байден хост, метавонад ҷанг хотима ёбад.

Ғарб ва дар раъси он Амрико аз ҳомиёни аслии Украина ба шумор рафта, ин кишварро бо силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ таъмин мекунад. Русия Ғарбро ба хотири додани силоҳ ба мақомоти Киев сабабгори идома ёфтани ҷанг дар ин кишвар медонад, аммо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико Русияро ба хотири ҳамлаҳои бедалел ба хоки Украина гунаҳкори асосӣ ин ҷанг меҳисобанд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Ҷаҳон

Россия

Белорус гуфт, маҷбур аст силоҳи ҳастаии Русияро дар хокаш роҳ диҳад

Тоҷикистон

ИНТЕРПОЛ дар Душанбе ҷаласа мегузаронад

#ДИИШ

Кушта шудани як тоҷикистонӣ дар Афғонистон

Дин

Ифтор дар варзишгоҳи Челси