29.9 C
Dushanbe

Блогери тоҷик: Маро аз Русия ихроҷ кунед!

Руслан Бобиев, блогери тоҷик бо тарсу ҳарос аз кормандони ВКД-и Русия хостааст, ки ӯро аз ин кишвар ихроҷ кунанд.

Руслан Бобиев, ки бо “пранк”-ҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, рӯзи 29-уми сентябр маҷмӯи аксҳояшро аз назди калисои Санкт-Василий дар Майдони Сурхи Маскав дар саҳифаҳои Инстаграм ва Фейсбуки худ нашр кард.

Дар ин миён яке аз аксҳои ӯ вокунишҳои тунду тези корбаронро ба вуҷуд овард. Дар он акс дида мешавад, ки духтари малламӯи рус пушт ба дурбин дар тан жокет бо навиштаи “политсия” дар рӯ ба рӯи ин блогер зону задааст ва ёддоште бо ибораи “Кодекси меҳнат – Кодекси ҷиноятӣ нест ва онро вайрон кардан мумкин аст”, навиштааст.

Дар натиҷа ин акс сару садоеро дар миёни ҷомеаи рус ба бор овардааст. Дар навбати худ Вазорати дохилаи Русия дар Маскав ин пранкери тоҷикро бо иттиҳоми таҳқирри диндорон ва шухӣ кардан ба эҳсосоти бовармандон ба ҷавобагрии маъмурӣ кашидааст.

Корбаре бо номи “_m777ax_” суол медиҳад, парванда барои таҳқири эҳсосоти диндорон? Пас чаро чанде пеш ҳангоме, ки табиби рус зани мусалмони тоҷикро озор дод, ин таҳқир ба эҳсоси диндорон нест? Ин баъзе стандартҳои дугонаи русҳост!

Корбари дигар ном dilyana_khojaeva навишт: Навори узрхоҳии ӯро дидам, хеле манзараи ғамангез аст.

gafahbon ном менависад: Айби худаш аст.  Дар назди ибодатгоҳи мо ҳам ягон урус биёяд ҳамин тавр бо ягон духтар расм гирад, мо ҳам хомӯш намеистем!

Корбарони дигар дар ин робита мегӯянд, агар ин ҷавони тоҷикро барои ин кирдораш ба ҷавобарӣ мекашанд, чаро шарики ӯ дар расмро, ки духтари рус аст, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намешавад?

Ҳамин тавр пранкери тоҷик, Руслан Бобиев дар назди намояндагони мақомот дар се навори алоҳида узрхоҳӣ кардааст. “Ман самимона узр мепурсам, ки дигар ин корро нахоҳам кард”,- гуфт блогер ва ин ибораро чанд маротиба дар навори видеоие, ки онро Хадамоти матбуотии ВКД-Русия дар Маскав нашр кард.

Бобиев инчунин дар навор дар бораи худ каме нақл карда мегӯяд, пеш ӯ кор мекарду ҳоло ба блогерӣ машғул аст ва “пранк” (шӯхиҳо) ба навор мегирад, ки дар блогаш 100 ҳазор обуначӣ дорад ва феълан саҳифааш баста шудааст.

Ин ҷавон ҳамчунин мегӯяд, ки пранкҳояшро аз саҳифааш пок мекунад, “чунки барои пранкҳоям ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудам.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.