13.9 C
Dushanbe

Бо баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод. Нигоҳи кӯтоҳе ба муносибати давлат бо журналистикаи тоҷик

Бозтоб ва тасвири ҳаводиси ахири миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон тавре роҳандозӣ гардид, ки афкори умумӣ дар дохил ва хориҷро таҳти тасаллути худ қарор бидиҳад.

Бар пояи ин навиштаҳо Тоҷикистон як кишвари мутаҷовиз ва агрессор муаррифӣ шуд, ки барои ғасбу забт ба хоки ин ҳамсояаш ҳуҷум ва қатлу куштор анҷом додааст. Аммо расонаҳо ва шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон на инки аз ин ҳаводис ҳарфе нагуфтанд, балки мисли рӯзҳои маъмулӣ барнома ва эфири худро аз консерту кино пур карда майдонро барои расонаҳои Қирғизистон холӣ гузоштанд. Аз инҷо буд, ки дар ҷанги иттилоотӣ Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон бохт.

Сабаби аслӣ ва асосӣ ин аст, ки дар Қирғизистон матбуоти мустақил ва озод амал мекунад, нақшу ҳузур дорад, озодии матбуот ба як рукни рӯзгори мардум табдил шудааст ва тавассути худи давлат пуштибонӣ ва ҳимоят мешавад. Аммо озодии матбуоту расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон аз ҳамон оғози рӯйи кор омадани Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инак ҳудуди сӣ сол аст қудратро қабза кардааст, бо мушкил дучор шуда ва оҳиста-оҳиста тамоман аз байн бурда шуд. Солтосол Тоҷикистон дар арзёбии созмонҳои байналмилалӣ ба унвони як кишваре, ки озодии матбуот дар он ба тавври пайваста нақз мешавад ҷойиҳои пойинтарро мегирад.

Саркӯби рӯзноманигорон дар солҳои 90

Аввалин мавориди боздошту ҳабси рӯзноманигоронро ин ҳукумат дар соли 1993 анҷом дод. Хайриддини Қосим, Хуршеди Назар, Аҳмадшоҳи Комилзода, хабарнигорони телевизиони мардумии Тоҷикистон ва Мирбобо Мирраҳим, раиси собиқи Кумитаи радио ва телевизиони тоҷикро дар он сол боздошт ва зиндонӣ кард ва танҳо баъди якуним сол онҳо бо асирони ҷангӣ табодул шуданд.

Бо қарори хосе Суди Олии Тоҷикистон дар соли 1993 фаъолияти нашрияҳои мустақиле чун “Чароғи рӯз”, “Ҳафтганҷ”, “Ҷоми ҷам” ва нашрияҳои ҳизбии “Адолат” ва “Наҷот”-ро баст. Даҳҳо, балки садҳо нафар аз журналистони тоҷик ба хотири ҳифзи ҷону раҳоӣ аз зиндон тарки ватан карданд. Бархурди хасмона ва хушунатомези ин ҳукумат буд, ки бешаз 80 нафар аз хабарнигорони тоҷик кушта шуданд, ки аксарияти мутлақи онҳоро афрод ва ё дастаҳои марбут ба Фронти халқӣ ба ҳалокат расониданд.

Аввалин қурбонии дар он солҳо ҳам Муродулло Шерализода, сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” буд, ки дар дохили саҳнаи бинои Шӯрои олии Тоҷикистон ҳадафи тири туфанг қарор гирифт. Ин ҳодиса рӯзи 5 майи соли 1992 рух дод. Бино ва майдони назди Шӯрои олӣ дар он шабурӯз ба маҳалли таҷаммӯъ ва тазоҳуроти Сангак Сафаров, раиси Фронти халқӣ ва тарафдорони онҳо бадал гашта буд. Аммо ин ҳоло аст, ки қатли ӯро бори дӯши ҲНИТ ва мулло Абдуғаффор мекунанд.

Ин як дурӯғи маҳз аст. Зеро шахсияти қотили ӯ барои мақомоти тафтишотӣ маълум буд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳам боз карда буданд. Ин нафар Рустам Сайидов ном дорад. Ӯ узви ҳайати Горди президентӣ буд, ки аз ҳисоби тазоҳургарони майдони Озодӣ дар он шабу рӯз аз ҷониби президенти вақт ташкил карда шуд. Азбаски ин қотил чандин сол дар ҳайати муҳофизони Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, боздошт ва маҳбус нашуд.

Ҳамин тавр хабарнигори шабакаи ОРТ-и Русия Виктор Никулин ва Сергей Ситковский аз телевизиони Тоҷикистонро ҳам, ки дар соли 1993 кушта шуданд ва кушторашонро бори ҲНИТ мекунанд дар асл аз тарафи Лангарӣ Лангариев, яке аз қумандонҳои Фронти халқӣ дар ағбаи Чормағзаки Норак ба қатл расонида мешаванд. Шоҳидони ин ҳодиса ҳам ҳанӯз зинда ҳастанд ва дар ин бора дар расонаҳо ҳам навишта буданд.

Инки Отахон Латифӣ, хабарнигори пешини нашрияи “Правда”-и чопи Маскав ва раиси яке аз чаҳор комиссияи Комиссияи Оштии Миллии Тоҷикистонро дар соли 1998, дар саҳни манзили зисташ ҳадафи тир қарор доданд, низ маълум аст, ки кори дасти кӣ буд. Ин куштори ноҷавонмардонаро ҳам бори дӯши оппозитсион мекунанд, вале дар асл ин як террори ҳадафмандона буд. Латифӣ аз дӯстони наздики Евгений Примаков буд, ки дар он солҳо сарвазир таъйин шуда ва яке аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Борис Елтсин, раиси Федератсияи Русия дониста мешуд.

Ҳамон рӯзе, ки ӯро ба шаҳодат мерасонанд, ҳам муҳофизонашро аз ӯ гирифта буданд ва ҳам мошини хидматие, ки ӯро то Комиссияи оштии миллӣ  мебурд. Ин яқин аст, ки ҳам муҳофизон ва ҳам мошини хидматӣ корманди давлат ва дар зери итоати дастури давлатанд. Он замон дар доираҳои муайяне сӯҳбатҳо аз он мерафт, ки Латифӣ ба унвони номзади раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби оппозитсиюн пуштибонии Маскавро дорад ва баъид нест, ки пирӯз шавад.

Ҳамин тавр Муҳиддини Олимпур, хабарнигори бахши форсиии BBC Persian дар Тоҷикистон, ки дар соли 1995 аз тарафи яке аз қумандонҳои Фронти халқӣ кушта гардидро низ бо тӯҳмат маҳз бори ҲНИТ карданд. Аммо ин ҳама ҳаводис оқибат ошкор хоҳад шуд.

Давоми ин ҳама солҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бештари зарба болои расонаҳо ва хабарнигорон будааст. На танҳо дар оғози рӯйи короӣ, баъдҳо низ имкони амал ва фаъолият барои матбуот ва расонаҳоро пайваста салб кардааст. Дар авоили солҳои 2000 нашрияҳои “Нерӯи сухан”, “Оламу Одам”, ва “Рӯзи нав”-ро бо ҳар баҳона бастанд.

Мавҷи дуввуми саркӯби расонаҳо ва боздошти рӯзноманигорон дар соли 2015

Баъди ҳаводиси ба номи ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим низ як ҳамлаи густарда алайҳи хабарнигорон ва расонаҳо анҷом дода шуд, ки дар натиҷа нашрияҳои “Нигоҳ”, “Озодагон” ва “Миллат” аз кор монданд. Шумори зиёди хабарнигорони тоҷик боз ҳам аз тарси ҷон ҷилои ватан карда ва феълан дар Аврупо ва дигар кишварҳо паноҳанда шудаанд.

Ҳамин ҳоло ҳам се сардабири нашрияи “Наҷот”, Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода ва низ Раҳматуллои Раҷаб як хабарнигори дигар якҷо бо Муҳаммадалии Ҳайит, собиқ муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон зиндонӣ мебошанд.

Далер Шарифов, як хабарнигори мустақили тоҷик барои нашри ба истилоҳ маводи хосияти экстремистӣ дошта як солро дар зиндон сипарӣ кард ва ҳоло бо баҳонаи ночизе Мижгона Ҳалимова, хабарнигори дигари тоҷикро додгоҳ барои пардохти 50.000 сомонӣ муваззаф кардааст.

Ҳамчунин Абдулло Ғурбатӣ хабарнигори “Азия Плюс”-ро барои фаъолияти расонаияш лату кӯб карданд ва мақомот то имрӯз ҳамлагоронро боздошт ва муҷозот накардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон инчунин аз акредитатсия ҳамчун як абзори фишор болои хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ истифода карда аз тамдиди рӯзноманигрони муннақиди расонаҳои хориҷие чун Радиои Озоди худдорӣ мекунед.

Саркӯби расонаҳо ва рӯзноманигрони хориҷ аз Тоҷикистон

Саркӯби расонаҳо ва рӯзноманигорон маҳдуд ба дохили марзҳои Точикистон намонда, ҳукумат расонаҳо ва рӯзноманигорони дар хориҷбударо низ мавриди пайгард ва таъқиб қарор медиҳад. Дар солҳои гузашта вебгоҳи “Ахбор.ком” ва сардабири ин расона Мирзои Салимпур ҳам аз ҷониби мақомот мавриди таъқибу фишор қарор дошт ва мақомоти додситонӣ расонаи “Ахбор.ком”-ро мамнӯъ эълон карданд ва дар пайи фишорҳои зиёд ин расона корашро қатъъ кард.

Пайвандони Ҳумайро Бахтиёр рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандии муқими Олмон низ ба хотири фаъолиятҳои касбияш аз ҷониби ниҳодҳои қудратии кишвар таҳти таъқибу фишори ҳамешагии қарор доранд.

Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар шохисии озодии баён дар ҷаҳон

Дар шохиси озодии баён Тоҷикистон боз як зина поин рафта бо гирифтани мақоми 162 -ум ба Туркманистон наздик шуд. Ҳоло Тоҷикистону Туркманистон аз баддатарин кишварҳои роиякунандаи озодии баён миёни 181 кишвари дунё буда, аввалӣ дар зинаи 162 ва дуввумӣ дар зинаи 178 қарор дорад.

Тоҷикистон соли 2009 дар ин шохис дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама баландтар 113-ум ҷой дошт, ки ҳатто аз Қирғизистон пешсаф буд. Чун Қирғизистон он замон дар мақоми 125- ум қарор дошт. Аз он замон то ҳол Қирғизистон дар ин самт пашравӣ карда мақоми 79-ум дар шохиси озоди баёнро соҳиб шуда аст, ки миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз ҳама пешсаф аст.

Тибқи як хабаре, ки аз Тоҷикистон  ба мо расид, имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод дар Душанбе нишасте доир шудааст, ки дар кори он ҳеҷ нафаре аз масъулини давлати Тоҷикистон, бо ин вуҷуд, ки даъват шудаанд, ширкат накардаанд, ба ҷуз аз як нафар вакили Маҷлиси намояндагон. Ширкати накардани намояндаи давлати Тоҷикистон  дар ин гуна ҳамоиш муносибати давлат бо матбуотро нишон медиҳад. Аз ин ҷо аст, ки қирғизҳо метавонанд дар афкори умумӣ таъсир бигзоранд, агарчи ҳақбаҷониб нестанд, вале мо тоҷикҳо, агарчи ҳақбаҷонибем ба иллати набуди матбуоти озод натавонистем дар ин набарди иттилоотӣ пирӯз бошем.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.