36.9 C
Dushanbe

Бо иттиҳоми террористӣ боздошт ва зиндонӣ шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳи Хабаровск як тоҷикро барои ҷонибдорӣ аз як созмони байналмилалии террористӣ ба зиндони ислоҳии низомаш сахт маҳкум кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти ФСБ – и Русия дар қаламрави Хабаровск хабар дод.

“Додгоҳи якуми Округи ҳарбии шарқӣ сокини 22-солаи шаҳри Хабаровск, шаҳрванди Тоҷикистон, Хоҷамқулов Н.А-ро дар дастгирии молии ташкилоти байналмилалии террористии “Ҷебҳат ан-Нусра”, ки дар қаламрави Федератсияи Русия мамнуъ мебошад, муттаҳам дониста ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард “, – омадааст дар изҳорот.

Дар идома гуфта шудааст, ки Хоҷамқулов барои хариди силоҳ, таҷҳизот ва дигар ниёзҳо ба як узви ин созмони террористӣ маблағ равон кардааст.

Гуфта мешавад, тибқи қисми 1.1 моддаи 205.1 (“Мусоидат дар фаъолияти террористӣ”) Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.

Аммо назари худи маҳкумшуда ва ё вакили дифоу наздиконаш дар мавриди иттиҳом ва ҳукми зиндон дастрас нест. Ва низ гуфта нашудааст, ки ин шаҳрванд аз кадом минтақаҳои Тоҷикистон мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котленикии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. 

Сафари Додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвар вориди Тоҷикистон шудааст.

Месси ба Амрико меравад

Футболбози 35-солаи аргентинӣ Лионел Месси на дар Арабистони Саудӣ, балкӣ дар Амрико бозӣ хоҳад кард.