2.9 C
Dushanbe

Бо кушта шудани Яҳё Синвор дар Ховари Миёна чӣ чиз тағйир меёбад?

Рӯзи панҷшанбе, 17-уми октябр артиши Исроил хабар дод, ки дар як даргирӣ дар шаҳри Рафаҳи Ғазза Яҳё Синвор, раҳбари сиёсии ҲАМОС-ро куштааст.

Артиши Исроил зимни эълони кушта шудани Яҳё Синвор таъкид кард, ӯ дар тан либосҳои низомӣ ва дар даст силоҳ дошту бо онҳо меҷангид. Биёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил пас аз таъйид шудани хабар гуфт, ки мо ҳисобамонро бо Яҳё Синвор баробар кардем, вале то баргардонидани асирон ба хонаҳояшон ҷанг дар Ғазза мутаваққиф намешавад.

Зуҳри рӯзи 18-уми октябр ҲАМОС ҳам ба таври расмӣ кушта шудани Яҳё Синворро таъйид кард. Халил Ҳайя, раҳбари ҲАМОС дар Ғазза зимни таъйиди хабари шаҳодати Синвор гуфт, “Марги Синвор ва дигар раҳбарони ин ҷунбиш моро ноумед ва шикаста намекунад, балки моро тақвият медиҳад то аз ҳуқуқи мардум ва кишвари худ бештару қавитар дифоъ кунем.”

Ин раҳбари ҲАМОС дар хитоб ба Натанёҳу таъкид кард, ки бо кушта шудани Синвор шартҳои ҲАМОС тағйир намеёбанд. “Аввал бояд ҷанг мутаваққиф шавад, сарбозони Исроил пурра Ғаззаро тарк кунанд ва шарти ахир асирони фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил озод шаванд, сипас асиронро хоҳанд гирифт.”, мегӯяд Халил Ҳайя.

Гуфта мешавад, раҳбари сиёсии ҲАМОС, Яҳё Синвор рӯзи чоршанбе бо тири тонки Исроил кушта шуд, аммо ҷасади ӯ рӯзи панҷшанбе зери овораҳои хона ёфт шуд. Ба иттилои расонаҳо, Исроил Синворро бо амалиёти махсус аз байн набурдааст, балки ӯ ҳамроҳи чанд сарбози худ бо нерӯҳои ишғолӣ меҷангид.

Пас аз интишори ин хабар Амрико ва баъзе кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ки акнун вақти он расида, ки Исроил ҷанги бераҳмонаи худро бо Ғазза хотима бахшад ва монеи вуруди маводи ғизоӣ нашавад.

Аммо таҳлилгарон мепурсанд, ки бо кушта шудани раҳбари сиёсии ҲАМОС, Яҳё Синвор оё қоидаи бозӣ дар Ховари Миёна тағйир меёбад? Дар посухи ин суол бархеҳо бар ин назаранд, ки Исроил ҳоло худро пирӯз меҳисобад, зеро шахсеро, ки “мағзи мутафаккир”-и ҳамлаи 7-уми октябр медонист, кушта шудааст ва бар ин бовар аст, ки муқовимат дигар заъиф шудаасту ба шартҳои Исроил розӣ мешавад ва дар ниҳоят идораи Ғазза низ аз дасти ҲАМОС ба Исроил мегузарад.

Аммо бархе дигар мегӯянд, таърихи ин ҳаракат нишон дода, ки пас аз террор ва кушта шудани ҳар раҳбари он боз ҳам қавитар аз қабл ба майдон мебарояд. Тавре ки имрӯз Халил Ҳайя гуфт, агарчи аз даст додани раҳбаре мисли Синвор кори андаке нест, вале ин рӯҳияи ин гурӯҳро шикаста намекунад ва аз хостаҳояшон, ки озодии Қудс ва дур задани Исроил аз минтақаҳои ишғолӣ аст, даст намекашанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳҳо парванда ба иттиҳоми “фасодкорӣ” барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ

Дар робита ба дуздии миллионҳо сомонӣ аз будҷети Вазорати дифоъ, ки соли гузашта рух дода буд, нисбати 26 корманди давлатии дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қатли ду зодаи Осиёи Марказӣ дар пайи “амалиёт” дар Русия

Хадамоти амнияти Федералӣ (ФСБ)-и Русия аз пешгирии як ҳамлаи теруристӣ дар вокзали шаҳри Псков хабар дод.

Хабари боздошти Идибеки Бохтарӣ тасдиқ шуд

Додгоҳи шаҳри Бохтар боздошти Идибеки Мардон, маъруф ба "Идибеки Бохтарӣ"-ро, ки яке аз мубаллиғони ашаддии Ҳукумат дониста мешуд, тасдиқ кард.

Ҳукми зиндони даҳҳо нафар бо иттиҳоми амали террористӣ дар ҷашни “Наврӯз”

Додситони кулли Тоҷикистон даҳҳо шаҳрвандро бо иттиҳоми нақшаи анҷоми амали террористӣ дар маросими ҷашни Наврӯз 2024 боздошт кард.