5.9 C
Dushanbe

Болоравии қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ

Бонки миллии Тоҷикистон расман қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ поён бурд. Аммо бонкҳои тиҷоратии кишвар ҳар кадом дар алоҳидагӣ дар ин бозор ҳарфи худро доранд.

Имрӯз, 29-уми марти соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон расман қурби 1 рубли русиро дар баробари пули миллӣ-сомонӣ 0,1393 сомонӣ эълон кард. Ба ибораи дигар, Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки қурби ҳар 1000 рубли русӣ ба 139 сомониву 30 дирам баробар аст.

Дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон хариду фурӯши арзҳои хориҷӣ, ба хусус рубли русӣ бо пули миллӣ-сомонӣ якхел набуда, балки аз ҳам фарқ мекунад.

Амонатбонк, бонки амонатгузории Тоҷикистон хариди 1000 (як ҳазор) рубли русиро барои шахсони воқеӣ 130 сомонӣ ва фурӯши онро 131 сомонӣ эълон кардааст. Аммо ин бонк хариди 1000 рубли русиро барои шахсони ҳуқуқӣ 134 сомонӣ ва фурӯши онро барои шахсони ҳуқуқӣ 145 сомонӣ таъйин кардааст.

Алифбонк, аз дигар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, ки тоза дар байни мардум ҷойгҳои худро мустаҳкамтар мекунад, хариди 1000 рубли русиро 130 сомонӣ ва фурӯши онро 148 сомонӣ эълон кардааст.

Ҳамзамон Ориёнбонк, бонки шинохтаи кишвар, ки раҳбариашро додараруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода бар уҳда дорад, бо вуҷуди эълони бонки миллӣ хариди 1000 рубли русиро 125 сомонӣ ва фурӯши онро 141 сомонӣ эълон кардааст.

Дар ин миён Бонки Эсхата аз дигар бонкҳои тиҷоратии шинохтаи Тоҷикистон хариди 1000 рубли русиро баробар ба 143 сомонӣ ва фурӯши онро баробар ба 148 сомонӣ таъйин кардааст.

Гуфтанист, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои кишварҳои Ғарб алайҳи Русия якбора қурби рубли русӣ дар бозори арзҳои ҷаҳонӣ ба шиддат суқут кард, аммо аз замоне, ки Путин эълон кард, ки нафту гази кишварашро ба кишварҳои “ғайри дӯст” бо рубли русӣ мефурӯшад, дубора қурби рубли русӣ дар бозори арзҳои ҷаҳон боло рафатааст.

Пеш аз ин гурӯҳи кишварҳои санъатии ҷаҳонӣ маъруф ба G7 дар Берлин эълон карда буданд, ки – тавре Путин гуфта буд – гази Русияро бо рубли русӣ намехаранд, аммо баъди он 28-уми марти соли ҷорӣ Сухангӯи Путин эълон кард, ки Русия кишвар хайрия нест, ҳар кӣ мехоҳад газ бихарад, бояд пулашро бо рубли русӣ пардохт кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.