Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.
23-уми апрели соли ҷорӣ, Шӯрои Аврупо бо нашри қароре номи “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро аз феҳрасти муассисаҳои молии таҳти таҳрим пок кардт.
Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки сабаби аз феҳраст берун кардани ин муассисаҳо натиҷаи муколама бо Тоҷикистон дар бораи риояти таҳримот аст ва ҳадаф ҳам тағйир додани рафтори он муассисаҳоест, ки ба Русия дар ҷанги Украина аз ҳар роҳе кумак мекунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳам бо нашри баёнияе берун кардани ин бонкҳоро аз рӯйхати сиёҳ “натиҷаи муколама ва ҳамкориҳои мақомот бо шарикони аврупоӣ” номидааст.
Ҳамчунин Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки тасмими ИА натиҷаи мустақими густариши ҳамкориҳои вазорату идораҳо бо Комиссияи Аврупо, татбиқи пайгиронаи стандартҳои байналмилалии мутобиқат ва таҳкими низоми мубориза бо қонунигардонии даромадҳои аз роҳи ҷиноят бадастомада мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 23-уми октябри соли 2025 Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русияро тасдиқ карда буд, ки фаъолияти чандин бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюмро, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин ва Ҳиндустон низ фаро мегирифт.
Тибқи он қарори Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда буд ва ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоштанд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд. Иттиҳоди Аврупо ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам карда буд.
Дар қарор гуфта шуда буд, ки ин муассисаҳо аз кишварҳои севум бо роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла бо содироти компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молу технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегузоранд.
Сокинони кишвар “Душанбе сити бонк”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонк”-ро ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд ва маълум нест, ки манъи муомила бо ин бонкҳо то чи ҳад ба фаъолияташон таъсир расонду фаъолияти онҳоро то куҷо маҳдуд мекунад.
Гуфта мешавад, “Душанбе сити бонк” яке аз лоиҳаҳои ширкати монополии “Авесто Гурӯҳ” буда, ба писари раисҷумҳури Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ таалуқ дорад. Идораи ин ширкати бузург дар дасти Мирзо Муҳаммад Файзуллозода, бародари яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, муовини президенти Федератсияи футбол ва раҳбари Ожонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Мирзо Хуршед Файзуллозода мебошад.
Ва дар ҳоле “Душанбе сити бонк” вориди рӯйхати таҳримҳои ИА шуду аз он берун шуд, ки муштариёни ин бонк дар дохили Тоҷикистон аз хидматрасонии он шикоят мекунанд. Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, чун ин бонк ба писари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад, ба шикояти онҳо касе расидагӣ намекунад.
