34.9 C
Dushanbe

БОНКИ ҶАҲОНӢ: ВАЗЪИ КАМБИЗОАТӢ ҶАҲОНРО ТАҲДИД МЕКУНАД

Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба вазъи камбизоатӣ дар ҷаҳон гузориши тозае нашр кардааст. Дар ин гузориш қайд мешавад, ки пандемияи коронавирус ихтилофҳо ва таъсири падидаҳои иқлим вазъи камбизоатиро дар сайёра тағйир медиҳанд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки сатҳи қашшоқӣ (камбизоатии ҳадди пасттарин) муддати қариб 25 сол мунтазам коҳиш ёфта, имсол бори нахуст дар ин давра рӯ ба афзоиш ниҳод.

“Дар бисёр мавридҳо ин ба мушкилоти ҷиддӣ – COVID-19, низоу тағйирёбии иқлим вобаста аст, ки ҳамаи кишварҳо ба он дучор мешаванд, лекин пеш аз ҳама давлатҳое, ки шумори аҳолии камбизоаташон зиёд аст, онҳо бештар ба ин мушкилӣ рӯбарӯ мешаванд”, – омадааст дар гузориш.

Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, нисбат ба соли 2019 соли 2020 афзоиши шумори аҳолии камбизоату қашшоқ дар ҷаҳон ба ҳадде назаррас хоҳад шуд, ки аз замони ба пайгирӣ оғоз намудани сатҳи камбизоатӣ дар миқёси ҷаҳон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ чунин ҳолат мушоҳида нашудааст.

Гуфта мешавад, шумори аҳолии камбизоату қашшоқ дар давраи солҳои 1990 то 2017 аз 1,9 млрд нафар то ба 689 млн нафар коҳиш ёфт.

Дар давраи солҳои 1990 то 2015 сатҳи қашшоқӣ дар сайёра ҳар сол 1 банди фоизӣ кам мешуд, аммо солҳои 2015 то 2017 сатҳи коҳиш камтар аз ним банди фоизӣ дар як солро ташкил дод.

Зикр мегардад, ки дар шароити ҳозира камбизоатӣ натанҳо аҳолии деҳоту кишоварзонро таҳдид мекунад, балки аҳолии шаҳрҳоро, ки дар соҳаҳои гуногуни саноату хизматрасонӣ кор мекунанд, низ фаро мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.