Бонки миллӣ “андозбандӣ ҳангоми интиқоли пул”-ро шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 20-уми май масъалаи андозбандии шаҳрвандон ҳангоми интиқоли пулро расман шарҳ дод.

Ин ниҳоди давлатӣ дар пайи афзоиши баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди андозбандии интиқоли пулӣ, бо нашри як тавзеҳоти расмӣ таъкид карда, ки интиқоли маблағ байни шаҳрвандон, аз ҷумла аъзои оила ва хешу табор, мавриди андозбандӣ қарор намегирад.

Бонки миллии кишвар мегӯяд, лоиҳаи озмоишии нави андозбандӣ танҳо ба фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ марбут буда, ҳадафи он содагардонии низоми андозбандӣ ва густариши пардохтҳои ғайринақдӣ мебошад. Ба гуфтаи Бонки миллӣ, дар доираи ин тарҳ меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 то 3 дарсад коҳиш дода шуда, ҳисобкунии он ба таври худкор анҷом хоҳад шуд.

Тибқи тавзеҳи пешниҳодшуда, барои ташвиқи шаҳрвандон ба истифодаи воситаҳои муосири пардохт, як қисми андоз — муодили 1 дарсад — ба харидор дар шакли “кешбэк” бозпас гардонда мешавад.

Бонки миллӣ дар робита ба нигарониҳои шаҳрвандон дар бораи амнияти пардохтҳои электронӣ ва махфияти маълумоти молиявӣ гуфтааст, ки истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар низомҳои рақамии пардохт “бехатар” буда, ҳифзи сирри бонкии шаҳрвандон пурра таъмин мешавад.

Нашри тавзеҳоти ин ниҳоди молии кишвар дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои ахир дар фазои маҷозӣ хабарҳо ва овозаҳои гуногун дар бораи эҳтимоли ҷорӣ шудани андоз ба интиқолҳои шахсӣ паҳн мешуданд. Бонки миллӣ аз аҳолӣ ва соҳибкорон даъват кардааст, ки танҳо ба маълумоти расмии мақомоти ваколатдор такя кунанд ва ба иттилооти тасдиқношуда бовар накунанд. Вале, дар мавриди ин лоиҳаи озмоишӣ, ки маҳз аз ҷониби ин бонк пиёда шудааст, шарҳ надода, ки чӣ гуна дар байни мардум бидуни тавзеҳоти расмӣ нашр шуд ва сабаби овозаҳои зиёд гашт.

Аммо ба назри коршиносон, чунин тавзеҳот нишон медиҳад, ки мақомот талош доранд дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ ва афзоиши гардиши маблағҳои ғайринақдӣ, ҳамзамон ҳам эътимоди ҷомеаро нигоҳ доранд ва ҳам соҳибкоронро ба фаъолияти шаффофи молиявӣ ҷалб намоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.