Бонки осиёии рушд (БОР) барои рушди иқтисоди “сабз” ба Тоҷикистон 50 миллион доллар ҳамчун грант тақдим мекунад.
Ба иттилои расонаҳо, Бонки осиёии рушд рӯзи душанбе, 1-уми декабр лоиҳаи грантире дар ҳаҷми 50 миллион доллари амрикоӣ барои кумак ба рушди иқтисоди Тоҷикистон тасдиқ кард. Ба гуфтаи БОР, ин кумак бояд дар самти ислоҳоти сохторӣ, ки ҷойҳои кории “сабз”-ро рушд медиҳанд, тақвияти манбаъҳои иқтисодӣ ва идоракунии молиявӣ равона шаванд. Аз ҷумла, масъалаи густариши имкониятҳо барои занон таъкиди махсус мешавад.
Инчунин дар назар аст, ки тибқи лоиҳаи маблағгузории мазкур бояд, “Қонуни Тоҷикистон дар бораи лизинг” барои беҳтар кардани дастрасии корхонаҳои хурду миёна ба воситаи маблағгузорӣ тағйир дода шавад, “таксономия”-ҳои сабз барои роҳнамоӣ кардани сармоягузориҳои мутобиқ ба иқлим таҳия карда, имтиёзҳо барои ширкатҳои ба иқлим дӯст (green SMEs) ҷорӣ намуда ва қонуни нав дар бораи “истеҳсоли органикӣ” қабул карда шавад.
Бонки мазкур мегӯяд, ки бо татбиқи ин барномаҳо гузариши иқтисоди Тоҷикистонро ба самти иқтисоди сабз ва устувор дастгирӣ мекунад.
Ҳамзамон, рақамисозӣ бо роҳи пурзӯр кардани амнияти киберӣ, додани имтиёзҳои андозӣ барои фаъолиятҳои технологӣ, ва таъсиси Боғи технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) суръат дода мешавад.
Ин ислоҳот, ба гуфтаи БОР, рақобатпазирии Тоҷикистонро тақвият дода, талошҳоро барои ҷалби сармоягузорӣ пурқувват хоҳанд кард.
Зикр мешавад, ки барнома дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мегардад, ки ин ҳамоҳангии муассир, истифодаи таҷрибаи муштарак ва беҳтарин таҷрибаи ҷаҳониро барои баланд бардоштани эътимоди сармоягузорон, рушди бахши хусусӣ ва беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ таъмин менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ҳамасола барои рушди иқтисоди худ миллионҳо доллар аз бонкҳои ҷаҳонӣ дар шакли кумак ва ё қарз мегирад, вале ба гуфтаи коршиносон, аз баски, ришва ва фасод дар Ҳукумат рушди васеъ кардааст, аксари ин барномаҳо ба охир намерасанд ва ҳамоно вазъи иқтисодӣ дар кишвар асафбор аст.
