18.8 C
Dushanbe

БОР барои сохтмони роҳи Оби Гарм-Нуробод 110 млн $ сармоягузорӣ мекунад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чинии “Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited” Луи Фей дар бораи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Оби Гарм-Нуробод созишнома ба имзо расониданд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, лоиҳа аз се марҳила иборат буда, марҳилаи аввал сохтмони 30,2 км роҳи асосии Оби Гарм-Тагикамарро пешбинӣ мекунад.

Пас аз он сохтмони ду нақб бо дарозии 1,6 км ва 1,7 км, инчунин 5 пули нав ва таҷдиди як пули дигар дар назар аст.

Арзиши лоиҳа 178,1 миллион долларро ташкил дода, он аз ҷониби Бонки Рушди Осиё (110 миллион доллар грант) ва Фонди ОПЕК (40 миллион доллар (қарз) маблағгузорӣ мешавад. Дар ин лоиҳа ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28,1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Пас аз имзои созишнома, вазири нақлиётн дар мавриди ҳамкориҳои густурдаи Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои гуногун ибрози назар кард.

Азим Иброҳим инчунин ибрози умедворӣ кард, ки ширкати чинӣ корҳои сохтмониро бо сифат ва саривақт анҷом диҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти бародари Тошиев дар Қирғизистон

Шаирбек Тошиев, бародари хурдии собиқ раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст.

Нақшаи даъвати ҷавонон дар Бадахшон ва Хатлон пурра иҷро шуд

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.

Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои тиббиро афзоиш медиҳанд

Бар асоси имзои як ёддошти ҳамкорӣ ширкатҳои беҳдоштии чинӣ омодаанд дар зерсохторҳои тиббии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Марги 29 нафар бар асари суқути ҳавопаймои ҳарбии Русия дар Қрим

Рӯзи 31-уми марти соли 2026 дар нимҷазираи Қрим як ҳавопаймои ҳарбии Русия тамғаи Ан-26 суқут кард.