Марги 29 нафар бар асари суқути ҳавопаймои ҳарбии Русия дар Қрим

Рӯзи 31-уми марти соли 2026 дар нимҷазираи Қрим як ҳавопаймои ҳарбии Русия тамғаи Ан-26 суқут кард.

Ба иттилои манбаъҳои расмӣ, дар дохили ҳавопаймо 29 нафар ҳузур доштанд, ки аз ин шумора 6 нафар ҳайати экипаж ва 23 нафар мусофир буданд. Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд.

Тибқи маълумоти расонаҳо, ҳавопаймо парвози нақшавиро иҷро мекард, аммо тақрибан соати 18:00 бо вақти Маскав иртибот бо он ногаҳон қатъ гардид. Баъд аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ, гурӯҳҳои наҷотбахш маҳалли суқутро пайдо карданд.

Ба гуфтаи мақомоти марбута, таҳқиқоти пешакӣ сабаби фоҷиаро мушкили техникӣ арзёбӣ кардааст. Ҳамчунин баъзе гузоришҳо ишора мекунанд, ки эҳтимол дорад ҳавопаймо ба кӯҳ бархӯрда бошад. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, таҳқиқот идома дорад.

Мақомот ва ниҳодҳои марбута иброз доштаанд, ки пас аз анҷоми таҳқиқот ҷузъиёти бештар дар бораи сабабҳои дақиқи суқут эълон хоҳад шуд.

Қрим нимҷазираест дар баҳри Сиёҳ, ки аз соли 2014 ва пас аз даргирии мусаллаҳона бо Украина таҳти назорати Русия қарор гирифт. То ҳанӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва аксар кишварҳои дунё ҳамчун замини Русия эътироф нашудааст ва ин масъала то имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ баҳсбарангез боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.