13.9 C
Dushanbe

Бори дигар мақомот парвандаи Кабириро шарҳ дод

Мавзӯи дигаре, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш  имрӯз 8-уми феврал дар Душанбе ироа кард, ин ҳукми роҳбари ҲНИТ будааст, ки ба гуфтаи ӯ аллакай содир шудааст.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳукми ғоибонаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари мухолифони табъидии тоҷик эълон шудааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён дар посух ба суоли “Sputnik”-и Тоҷикистон гуфта, ки “парвандаи Кабирӣ, ки махфӣ буд, ҳамаҷониба тафтиш шуд. Шоҳиен дар изофа, қайд карда, ки ин парванда аз ҷониби суд мавриди тафтиш қарор гирифт ва аллакай нисбати парвандаи мазкур санади судӣ қабул гардидааст.

Муҳиддин Кабириро бар асоси 16 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон Додгоҳи Олӣ моҳи октябри соли 2019 дар ғайбаш маҳкум карда аст.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон алайҳи Кабирӣ бо моддаҳои 107 (одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан), моддаи 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), моддаи 199 (тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), моддаи 313 (исёни мусаллаҳона) ва ғайра айб эълон кардааст.

Худи Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳоло дар Аврупо паноҳ бурдааст ҳамаи ин иттиҳомотро пештар чанд дафъа сиёсӣ ва беасос гуфта аст. ҲНИТ-ро, ки ҳизби умдаи мухолифини тоҷик дониста мешавад, мақомоти Тоҷикистон дар соли 2015 мамнӯъ ва қисме аз роҳбарону аъзоёнашро ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон кард.

Коршиносон ҳамаи ин иқдомотро барои тӯлонитар кардани ҳукуматдории раисҷумҳури кунунии кишвар Эмомалӣ Рамҳон гуфтаанд, ки ӯ ба ин тариқ мухолифи асосиашро аз саҳнаи сиёсии кишвар канор бурд.

Дар пайи басташудани ин ҳизб, ба сарқонуни кишвар тағйиру иловаҳо дохил карда шуд, ки бар асоси он раисҷумҳури кунунӣ барои ҳамешагӣ ҳаққи президент будан ва дар ҳолати ба худаш муносиб пешвои миллат шуданро пайдо кард.

Ин мансаби нав ӯро аз салоҳиятҳои зиёде бархурдор мекунад, ки аз ҷумлаи салоҳиятҳо аз ҳама ҷавобгарӣ халос шудан ва қисме аз буҷаи кишварро ба фонди “Пешвои миллат” ворез карданро дар бар мегирад.

Гурӯҳи корӣ барои боздоштҳои худсарона аз Созмони миллали муттаҳид парванди қисме аз аъзоёни ҲНИТ-ро сиесӣ медонад ва талаби фавран озод шудани онҳоро аз ҳукумати Тоҷикстон мекунад. Саркӯби мухолифон дар Тоҷикистонро бисёре аз созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башр интиқод кардаанд.

Ахиран Созмони байналмиллалии “Freedom House” ё Хонаи Озодӣ гуфт, дар қаламрави АвруОсиё шаҳрвандони Тоҷикистон бо “бузургтарин мавҷи саркӯбҳо рӯ ба рӯ ҳастанд” ва “ҳукумат қудратро дар дохил тақвият дода, мухолифонро дар хориҷа ҳадаф қарор медиҳад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.