13.9 C
Dushanbe

Боз беш аз 150 муҳоҷири тоҷик боздошт шуд

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ беш аз 150 муҳоҷири тоҷикро дар назди метрои Митинои Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд. 

Ба гуфтаи муҳоҷирон, онҳо дар яке аз сохтмонҳои назди ин метро кор мекарданд ва ҷойи хобашон низ онҷо будааст. 

Кормандони амниятии ин кишвар беш аз 150 муҳоҷирро аз хобашон бедор карда, дар чор автобус савор карда, бо худ бурдаанд, вале то ҳол сабаби боздошти онҳоро шарҳ надодаанд. 

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳоло муҳоҷирони боздоштшуда дар саҳни Шуъбаи пулиси ноҳияи Митино қарор дошта, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ ҳодисаро пайгирӣ дорад.

Мақомоти Русия мисли боздоштҳои қаблии муҳоҷирон ин ҳодисаро шарҳ надодааст.  

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия аз ҷониби мақомоти ин кишвар тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон идома дорад.

То ин муддат наворҳое нашр шудаанд, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, онҳоро ба таври дастаҷамъӣ боздошт мекунанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, касе ҳуҷҷатҳои лозимаро дорад озод мекунанд, аммо онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд боздошту ихроҷ мешаванд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки кормандони интизомии Русия аз баъзе муҳоҷироне, ки мушкили ҳуҷҷат доранд, маблағ гирифта онҳоро озод мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, бар иловаи гирифтани ришва ҳолати латтукӯби муҳоҷирон дар рафти ин “рейд”-ҳо низ вуҷуд дорад.

Дар пайи ин рейдҳо Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирон хоста буд, ки “тартиби будубошро дар кишвари иқомат риоя намуда, аз сафар ба вилоятҳои Москва ва ҷамъомадҳое, ки дар он ҷойҳо мегузаранд, худдорӣ намоянд”.

Пештар аз ин кормандони ОМОН-и Русия дар минтақаи Хабаровск беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолски лаби Амурро бераҳмона латтукӯб ва шиканҷа карда буданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба боздошту фишори муҳоҷирон дар Русия эътироз карда, сафири Русияро дар Душанбе барои суҳбат даъват кард. 

Инчунин Омбудсмени тоҷик ва Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳамтоёни руси худ хоста буданд, ки қазияи латтукӯби донишҷӯён ва “рейд”-и муҳоҷиронро одилона таҳқиқ кунанд. 

То ҳол мақомоти рус ин ҳама фишор болои зодагони Тоҷикистонро, ки дар Русия қарор доранд, расман шарҳ надодаанд. 

Аммо чанд рӯзи охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ русҳо якуякбора шуруъ кардаанд ба таҳқиру танқиди муҳоҷирон асосан зодагони Тоҷикистон. 

Чанд соли охир фишори дастаҷамъонаи мақомоти Русия болои муҳоҷирон камтар мушоҳида мешуд. Фишорҳо ҳарчанд вуҷуд доштанд, фарогир ва ҳадафманд набуда, шумори боздоштшавандагон ҳам бамаротиб камтар буд. Фишори густурда, ҳадафманд ва саросарӣ ба муҳоҷирон, ихроҷи дастаҷамъонаи онҳо асосан замоне иттифоқ меафтоданд, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон кадом саркашие нисбати Русия анҷом диҳанд. 

Payom.net дар як матлаби таҳлилие дар ин бора гуфтааст, ки “Бо дарназардошти таҷрибаи гузашта, метавон бо итмонон гуфт, ки ин дафъа ҳам ҷуръати “ғулом” (Тоҷикистон) “хоҷа”-ро (Русия) ба ғазаб овардааст. Аммо кадом ҷуръат? 

Масъала бармегардад ба нишасти сарони Осиёи Марказиву Чин, ки дар Пекин баргузор шуд ва натоиҷи баде ҳам надошт. Натоиҷи иқтисодии он албатта мавзӯъи баҳси дигар аст. Ва чун натоиҷи сиёсии он ба мавқеъи Русия зарба мезанаду бо эҳтимоли зиёд ғазаби Хирси шимолиро барнагехтааст. Албатта яке аз натоиҷи иқтисодӣ — сохтмони роҳи оҳани Чин — Қирғизистон — Қазоқистон барои пайвастан ба Аврупо бо давр задани Русия наметавонад мақомоти ин кишварро нигарон накунад, аммо солҳост, ки Русия ба гигемонияи иқтисодии Чин бар Осиёи Миёна тан додааст.

Чин дар ин нишаст зимнан эълом кард, ки амният ва бехатарии кишварҳои Осиёи Марказиро ба дӯш мегирад — масъулияте, ки Русия онро то ин замон ба худаш нисбат медод”.

Ба гуфтаи бархе коршиносн, ба ҷуз ин масъала, ҷалби иҷбории муҳоҷирони корӣ ба ҷанг дар Украина низ дар миён аст. 

Як муҳоҷири тоҷик бо шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки “як дӯстам, ки дар яке аз комиссияҳоии тиббии харбии Русия кор мекунад ба ман гуфт, ки ба дӯсту шиносҳоят хабар деҳ, ки дигар эҳтиёт бошанд ва гурӯҳ-гурӯҳ дар ягонҷо ҷамъ нашаванд, чун дар ин чанд рӯзи рейд ҳамарӯза 5-10 тоҷикро барои муоина оварда, аз комиссия мегузаронанд ва ба ҷанг дар Украина мефиристанд”.

Azda.tv гуфтаҳои ин муҳоҷири тоҷикро таҳқиқ дорад.

Пеш аз ин ҳама фишорҳои густурда болои муҳоҷирон чанд вакили парлумони Русия даъват карда буданд, ки дигар ба зодагони Тоҷикистон шаҳрвандӣ дода нашавад ва онҳое, ки дорои душаҳрвандиянд ба ҷанг бурда шаванд. 

Хонандагони гиромии Azda.tv, агар аксу наворе ё хабаре дар бораи рейду боздошти муҳоҷирон дар Русия дошта бошед, метавонед ба рақами +48 571 60 8008 дар Whatsapp ва Telegram маълумоти худро ба мо фиристед!

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.