26.9 C
Dushanbe

Боз як узви аршади ҲНИТ-ро боздошт карданд

Мақомот дар Тоҷикистон боз як собиқ узви раёсати олии ва аъзои академияи илми ҲНИТ, Иломиддин Файзалиро боздошт кардааст.

Ба қавли пайвандони ин собиқ узви ҲНИТ, ӯро се рӯз аст, ки дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд ва то ҳол ба вакили дифоъ таъмин накардаанд. Исломиддини Файзалӣ ё домулло Илмоиддинро аз манзилаш дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони КДАМ бурдаанд ва сабаби боздошти ӯ то ҳол маълум нест. Аммо фаъолони мухолифон мегӯянд, ин як баронмаи пешазинтихобтӣ аст, ки бо ин роҳ мақомот ба мухолифон мехоҳанд фишор биоранд. Мақомот то ҳол дар ин бора ба сурати расмӣ  чизе нагуфтаанд.

Аз соли 2015 то ба ин ҳол пайваста боздошт ва таъқибу фишори аъзоён ва масъулони ҲНИ дар Тоҷикистон аз сӯи мақомоти ҳудратии кишвар идома дорад. То имрӯз садҳо тан аз аъзоёни ин ҳизб ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаву қисме ба кишварҳои ғарбӣ паноҳ бурдаанд.

Ин ҳизби умдаи мухолифонро Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи (ба қавли мақомот) “ошӯби мусаллаҳона”-и генерал Абдуҳалим Назарзода бо ҷурми даст доштан дар ин ошӯб мамнӯъ эълон кард. Вале масъулони ҲНИТ даст доштани худро дар “ошӯб”-и генерал Назарзода рад мекунанд ва мегӯянд, ин ошӯб барои мақомоти Тоҷикистон танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби мухолифи ҳукумат буд ва қарори суди олиро сирф сиёсӣ медонад. Дар ин авохир кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид 12 тан аз аъзоёни раёсати олии ин ҳизбро бегуноҳ донита аз мақомот раҳоии бечунчарои онҳоро талаб кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.