Як гурӯҳ аз волидони хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Ваҳдат бо ирсоли номаи дастаҷамъӣ ба Azda TV аз вуҷуди қонуншиканиҳои молиявӣ ва маъмурӣ аз ҷониби директори муассисаи мазкур Мустафиров Ғолиб изҳори нигаронӣ карданд.
Ҳувияти муроҷиаткунандагон бинобар нигарониҳои амниятӣ ва эҳтимоли фишор махфӣ мемонад.
Аз ҷумла, волидон дар муроҷиати худ аз истифодаи ғайришаффофи маблағҳои ҷамъоваришуда аз хонандагон, ҷамъоварии маблағ барои хариди китобҳо, корҳои таъмирӣ, пули шаҳодатномаи хатм ва дигар эҳтиёҷоти муассиса шикоят карданд.
Гуфта мешавад, маҳз аз ҷониби мудири ин муассиса дар баъзе ҳолатҳо фанҳои алоҳида ба омӯзгорони ғайриихтисос вогузор мешавад. Ба иддаои волидон, ҳатто омӯзгороне сабти ном шудаанд, ки дар асл вуҷуди физикӣ надоранд ва дар мактаб кор намекунанд, вале маоши онҳо ба кисаи дигарон меравад.
“Фарзанди ман дар синфи 7-ум таҳсил мекунад ва омӯзгори таърих надоштанд, баъдтар маълум гардид, ки соати дарси таърих дар номи як омӯзгори зан сабт гардида, дар тарификатсия ба қайд гирифта шудааст, вале маблағи он ба директор баргардонида мешудааст.”, омадааст дар шикояти яке аз волидон.
Ҳамчунин муроҷиаткунандагон иддао доранд, ки маблағҳои ободонӣ, ки ҳар моҳ аз хонандагон ҷамъоварӣ мешавад ва ҳаҷми он беш аз 4000 сомонӣ дар як моҳ мешавад, “ба эҳтиёҷоти муассиса истифода намешаванд.”
Бино бар асоси муроҷиати волидон, масъулони муассисаи мазкур аз ҳар хонанда 120 сомонӣ барои китобҳо ва 50 сомонӣ барои таъмири синфхонаҳо ҷамъоварӣ намудаанд, вале тарзи истифодаи он шаффоф нест ва маълум нест дар куҷо масраф шудаанд. Ҳамзамон иддао мешавад, ки барои гирифтани шаҳодатномаи хатми мактаб (Аттестат) 25 сомонӣ ва боз барои навиштани он аз ҳар хонанда 50 сомонӣ талаб кардаанд, ки ин ҳама ғайриқонунист.
Ҳамчунин волидони хонандагони мактаби мазкур мегӯянд, бо фармони мудири мактаб барои сабти маросими “Занги охир” ва телевизион аз хатмкунандагони шаш синфи 9 20-30 сомонӣ ва аз ду синфи 11 70 сомонӣ ҷамъоварӣ намудааст. Ин ҳам маълум нест дақиқан куҷо масраф шудаанд.
Муроҷиаткунандагон мегӯянд, ки қаблан ба мақомоти соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардаанд, аммо ба гуфтаи онҳо, натиҷа надодааст ва чун падари мудири мактаб корманди баландпоя аст, касе ба додашон нарасидааст.
То лаҳзаи нашри хабар, назари роҳбарияти муассисаи таълимии мазкур ва мақомоти марбута дастрас нашуд. Дар сурати дастрас шудани мавқеи расмии ҷониби дигар, Azda TV омода аст онро низ нашр намояд.
Ёдовар мешавем, ки чунин шикоятҳо қаблан ҳам аз ҷониби волидони хонандагон ва ҳатто омӯзгорон аз чанд шаҳру ноҳияи кишвар ба дасти Azda TV расида буд ва онҳо нашр шуданд. Аммо ба ҷуз як ҳолат дигар мудирони муассисаҳои таълимӣ вокунише нишон надоданд. Ва ҳатто Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам барои пешгирии падидаи ғайриқонунии пулситонӣ аз хонандагон, ки қариб дар тамоми муассисаҳои таълимӣ роиҷ шудааст, чорае наандешидааст.
