26.9 C
Dushanbe

Боз шудани роҳи оҳан байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Байни кишварҳои Чин, Қазоқистон ва Узбекистон масири нави роҳи оҳан барои ҳамлу нақли молу колои тиҷоратӣ ифтитоҳ ёфт.

Тавре расонаҳои чинӣ хабар медиҳанд, давлатҳои Чин, Қазоқистон ва Узбакистон масири нави роҳи оҳанро барои боркашонӣ роҳандозӣ карданд, ки он вилоятҳои шарқии Чинро бо Осиёи Марказӣ мепайвандад.

Қатори боркаш рӯзи 13-уми августи соли ҷорӣ аз шаҳри Уси (музофоти Ҷянсуи Чини Шарқӣ) ба самти Осиёи Марказӣ ба роҳ баромад. Он беш аз 1000 тонна молу маҳсулот, аз ҷумла асбобҳои рӯзгор ва қисмҳои эҳтиётии автомобилро интиқол медиҳад, ки арзиши умумии он ба 30 миллион юан (ҳудуди 4,4 миллион доллар) баробар аст.

Гуфта мешавад, ин қатор тақрибан дар давоми 20 рӯз аз бандари баҳрии Лянюнган (музофоти Ҷянсу) гузашта, ба Қазоқистону Узбакистон мерасад.

Масъулони шаҳри Уси гуфтаанд, ки аз оғози пандемия, корхонаҳои тиҷорати хориҷии маҳаллӣ дар содироти мол мушкилот доштанд ва пайдо шудани ин масри нави боркашонии роҳи оҳан барои ин корхонаҳо имкониятҳои навро мекушояд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи баъзе тоҷирони тоҷик, ин масири роҳи оҳан дар умум метавонад корро барои тоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бештар аз Чин молу маҳсулоти тиҷоратии худро меоранд, осонтар кунад.

Қаблан худи Узбакистон ҳам гуфта буд, ки омодааст масири транзитии нави боркашониро, ки аз Чин ба Узбекистон мерасад, ба Афғонистон низ боз кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.