7.9 C
Dushanbe

Боздошт ва ҳабси нуҳумин тоҷик дар робита ба ҳамлаи хунини Русия

Дар пайи ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл”-и Русия боз як шаҳрванди дигари Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабсӣ пешакӣ маҳкум шуд.

1-уми апрели соли ҷорӣ, дар Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав мурофиаи Ёқубҷон Юсуфзода пушти дарҳои баста баргузор гардид.

Кумитаи тафтишотии Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба он муттаҳам дорад, ки гӯё ӯ чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини гумонбарон бо ҷой, “тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст”. Инчунин ӯ гӯё баъди содир шудани ҳамла ба “Крокус” як қисми маблағро ба яке аз ҷинояткорон гузарондааст.

Мақомоти рус нисбати Ёқубҷон Юсуфзода бар асоси банди “б”-и қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия (амали террористӣ) айб эълон карда, додрас ӯро дар ҳоли ҳозир то 22-уми май ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

То ҳол назари худи Ёқубҷону наздикон ва вакили мудофеъаш дастраси расонаҳо нашудааст, инчунин дар ҳоли ҳозир тасдиқ кардани дурустии иттиҳоми мақомоти рус нисбати ин зодаи Тоҷикистон ғайри имкон аст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Юсуфзода рӯзи 26-уми март дар чаҳорчӯби амалиёти “Нелегал” боздошт шуда, барои “муқовимат кардан бо корманди сохторҳои қудратӣ, нишон надодани асноди шахсӣ ва худдорӣ аз ворид шудан ба мошини хидматӣ”, мақомот ӯро барои 12 рӯз ба ҳабс гирифта будаанд.

Ёқубҷон Юсуфзода зодаи деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакент буда, 25 сол дорад. Ӯ оиладор буда, соҳиби се фарзанд мебошад ва то замони боздошт дар яке аз сохтмонҳо дар Русия кор мекардааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде дар толори консертӣ таркиш рух дод ва он бино оташ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 143 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт. Хадамоти амнияти федералии Русия иддао дорад, ки хадамоти махсуси Украина низ дар ин ҳамла даст дорад, аммо мақомоти Украина онро рад карданд.

Мақомоти Русия дар пайи ин ҳодиса 11 нафарро боздошт кард, ки то ҳол номи 10 нафари онҳо расонаӣ шуда, 9 нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Аз ҷумла, пеш аз Юсуфзода, мақомоти рус шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Лутфулло Назирмадро бо иттиҳоми “нақшаи маблағгузорӣ ба терроризм” барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буданд.

Лутфуллоро дар аввал Додгоҳи ноҳияи Преображенскии Маскав бо иттиҳоми авбошии хурд ба 15 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда буд ва гӯё ҳангоми дар боздошт буданаш муфаттишон робитаи ӯро бо гурӯҳи асосии террористон муайян карданд. Ба гуфтаи додгоҳ, рӯзи 23 март, як рӯз пас аз ҳамлаи террористӣ Лутфулло ба “Крокус Сити Холл” рафтааст ва дар он ҷо нерӯҳои амниятӣ аз ӯ талаб кардаанд, ки аснодашро пешниҳод кунад. Аммо дар посух вай гӯё пулисро дашном ва тела дода, “итоат накардааст”.

Инчунин ҳамин додгоҳ Исроил Исломови 62-соларо ҳамроҳи ду писараш, Аминҷон Исломови 32-сола ва Диловар Исломови 24-соларо бо иттиҳоми кумак ба терроризм барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард. Аммо падару писаронаш гуфтаанд, гуноҳе надоранд ва айбномаи мақомоти рус, бахусус Кумитаи тафтишоти ин кишварро, ки ба боздошту зиндонӣ кардани онҳо пофишорӣ дорад, рад карда, аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурдаанд.

Ба иддаои мақомоти рус, Диловар Исломов охирин соҳибмулки мошине будааст, ки дар ҳамла ба толори консертӣ истифода шудааст. Аммо Диловар Исломов дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст, як ҳафта пеш аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” мошинашро фурӯхта будааст ва аз дидани мошин дар расонаҳо дар ҳайрат монда, худ ҳамроҳи бародараш ба шуъбаи пулис рафта, баёнот додааст.

Ҳамзан дар робита ба ин ҳодиса як соҳибкори қирғиз Алишер Қосимов, ки шаҳрвандии Русияро дорад боздошт ва ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шуд.

Гуфта мешавад, Алишер хонаашро ба Фариддуни Шамсиддин иҷора дода будааст. Худи Алишер Қосимов дар мурофиа гуфтааст, ки гуноҳе надошта, аз нақшаи хуҷум ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар надошт ва намедонист, ки нафари иҷорагир “террорист” аст.

Пеш аз ҳама додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав пушти дарҳои баста, чор зодаи Тоҷикистон, Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

Мақомоти рус ин чор зодаи Тоҷикистонро гумонбарони асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи даҳҳо нафар дар “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорск медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва ба мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон оварданд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти Тоҷикистон пайвандони аксари ин нафаронро боздошт ва барои бозпурсӣ ба Душанбе бурд. Гуфта мешавад, як гурӯҳ аз мақомдорони рус низ барои бозпурсии пайвандони онҳо ба Тоҷикистон рафта будааанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз боздошту бозпурсии хонаводаи 4 гумонбари асосӣ даст бардорад.

Инчунин дар робита ба латтукӯби гумонбарон ин созмон гуфтааст, ки “боздоштшудаҳо гумонбар ҳастанд ва ҳама гуна ҷазои пешакӣ ва бе ҳукми Суд дар ҳаққи онҳо хилофи тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад”.

Дар ин изҳоро Кумитаи наҷот аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки барои таҳқиқи қазияи гумонбарони ҳамла ба “Крокус”-и Маскав як ҳайат фиристад, “то тавонад як таҳқиқоти мустақилро барои итминон аз риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва қонун дар баробари гумонбаршудагон анҷом диҳад.”

Ҳуқуқдони маъруф Ойниҳол Бобоназарова низ рӯзи 31-уми март дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд дар раванди тафтиши қазия ширкат дошта бошад ва гумонбаронро бо адвокат таъмин кунад.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи фиристодани намояндагони худ ба Маскав чизе нагуфтаанд. 

Дар пасманзари ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл”, Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ)инчунин рӯзи 31-уми март аз боздошти се нафар дар Доғистон, аз ҷумла ду зодаи Тоҷикистон Абдувоҳид Файзуллоеви 36-сола ва Рустам Саидзодаи 24-сола, ки гуё қасди ҳамлаи терростиро дар Каспийск доштаанд, хабар дод.

Инчунин мақомот ин афродро ба маблағгузорӣ ва таъмини силоҳи омилони ҳамлаи рӯзи 22-уми март дар “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорски канори Маскав гумонбар медонанд.

Дар наворҳое, ки ФСБ нашр кардаааст, гумонбарон иттиҳомоти эълонкардаи мақомотро ба душ мегиранд. Аммо ин эътирофи боздоштшудаҳо дар чӣ шароите гирифта шудааст маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.