29.9 C
Dushanbe

Боздошти 16 хабарнигор дар Туркия

Додгоҳе дар Туркия ҳукми боздошти 20 хабарнигорро бо иттиҳомӣ вобастагӣ ба як созмони “террористӣ” содир карда, 16 нафари онҳоро муваққат зиндонӣ кард.

Хабаргузории “Фрнас Пресс” иттилоъ додаанд, ки 8-уми июни соли ҷорӣ додгоҳе дар ҷанубу шарқи Туркия ҳукми 20 хабарнигорро дар Диёрбакир, ки аксари сокинони ин минтақа курдтабор ҳастанд, содир карда, дирӯз, 16-уми июн 16 нафари онҳоро “бо иттиҳоми вобастагӣ ба як созмони террористӣ” зиндонӣ кард.

Хабаргузории Олмон низ дар истинод ба манобеи худ дар Тукрия хабар додааст, ки тамоми ин афроди боздоштшуда курд ҳастанд ва ба нақл аз хабаргузории расмии Туркия “Анадолу” гуфтааст, ки ин афрод аз Ҳизби коргарони Курдистон маъруф ба “ППК” ҳимоят мекардаанд.

Ройтерз ҳам ба нақл аз Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон иттилоъ дода, ки Туркия дар даҳ соли ахир бештар аз аксари кишварҳои дигар хабарнигоронро зиндонӣ кардааст ва чанде аз расонаҳои ин кишвар низ боздоштҳои ҳафтаи гузаштаро “бераҳмона” хонда, онҳоро маҳкум кардаанд.

Euronews низ ба нақл расонаҳои Тукрия хабар додааст, ки бар иловаи ин 16 каси боздошт шуда, 8-уми июни 8 хабарнигори дигаре ҳам дар Туркия боздошт шуда, вале расман то кунун ҳеч иттиҳоме алайҳи онҳо эълон нашудааст.

Гуфта мешавад, дар миёни боздоштшудаҳо Сардор Алтан, ҳамраиси Анҷумани рӯзноманигорони Даҷла ва Фурот, Сафия Алагас, раиси Ҷин News ва муҳаррири хабаргузории Мезопотамия Азиз Оруч низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин боздоштҳои ахири рӯзноманигорон ҷамъе аз курдҳо, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳо ва ҳуқуқдонҳои Туркия гуфтаанд, ки барои озодии онҳо даст ба эътирозҳо ва роҳпаймоиҳо мезананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.