10.9 C
Dushanbe

Боздошти 8 нафаре, ки худро бардурӯғ корманди КДАМ мегуфтанд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 16-уми январ тавасути телевизиони “Тоҷикистон” аз боздошти 8 нафар хабар дод, ки худро кормандони мақомоти амният муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон бо роҳҳои гуногун маблағ ситонидаанд.

Ба гуфтаи КДАМ, гумонбарон бо баҳонаҳои озод кардани хешовандон аз зиндон, таъмин бо кор дар хориҷи кишвар, сохтани билети ҳарбӣ ва таҳдиди ихроҷ аз Тоҷикистон шаҳрвандонро фиреб дода, маблағҳои калон ба даст овардаанд. Ҳадафи асосии онҳо, ба гуфтаи мақомот, манфиати молӣ будааст.

Аз боздоштшудаҳо Илҳом Амонқулов, Фазлиддин Мирзоев, Ҷамолиддин Толибзода, Ҳоҷиабдулло Салимов, Маҳмадулло Саидов, Фатҳиддин Давлатов, Ёқуб Бозоров ва Ҳусейн Муродов, ном бурда шудааст.

Тибқи иттилои КДАМ, Илҳом Амонқулов бо ваъдаи озод кардани як маҳбус аз зиндон аз сокини шаҳри Душанбе 240 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Фазлиддин Мирзоев бошад, худро корманди амният муаррифӣ карда, аз ду бародар барои “озод кардани хешовандашон” 50 ҳазор сомонӣ ситонидааст.

Дар як ҳолати дигар, се гумонбар дар шаҳри Ваҳдат аз ду шаҳрванди Афғонистон бо таҳдиди ихроҷ аз кишвар 25 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ гирифтаанд. Инчунин Фатҳиддин Давлатов бо ваъдаи таъмин бо кор дар Олмон 30 ҳазору 500 сомонӣ ба даст овардааст.

КДАМ ҳамчунин мегӯяд, Ҳусейн Муродов аз як сокини 23-солаи шаҳри Исфара бо баҳонаи гирифтани билети ҳарбӣ 86 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳуҷҷати қалбакӣ додааст. Ёқуб Бозоров, ки қаблан чанд маротиба зиндонӣ шудааст, худро корманди баландрутбаи амният муаррифӣ мекардааст.

Ҳамаи афроди боздоштшуда дар наворҳои сабтшуда ба содир намудани амалҳои ғайриқонунии худ иқрор шудаанд, аммо мушахас нест, ки ин наворҳо дар кадом шароит сабт гардидаанд. Нисбати гумонбарон тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи ин модда, барои чунин ҷиноят аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси пешакии се иштирокчии занозании гурӯҳӣ дар Варшава

Додгоҳи ноҳияи Воляи шаҳри Варшаваи Лаҳистон се иштирокчии занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар назди яке аз нуқтаҳои сӯзишвориро барои семоҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Кумитаи тафтишотии Русия роҳҳои бекор кардани шаҳрвандиро меҷӯяд

Мақмоти Кумитаи тафтишотии Русия талош доранд, рӯйхати асосҳои бекор намудани шаҳрвандии Русия барои зодагони кишварҳои хориҷиро васеъ кунанд.

Боздошти як мақоми баланди ВКД бо иттиҳоми қаллобӣ

Як мақомдори баланди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳи як ҳамкораш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуданд.

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.