33.9 C
Dushanbe

Боздошти боз як фаъоли помирӣ дар Маскав

Дар шаҳри Маскав Атобеков Мамадбек Ниёзбекович, фаъоли маданӣ зодаи ноҳияи Мурғоби Бадахшон аз ҷониби кормандони пулиси Русия боздошт шудааст.

Пайвандони Мамадбек мегӯянд, ки 1-уми сентябри соли ҷорӣ кормандони пулиси Русия ҳамроҳи ду намояндаи Тоҷикистон барои боздошти ин зодаи Бадахшон ба хонаашон омада буданд. Онҳо аз эҳтимоли истирдодаш ба Тоҷикистон нигаронанд.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, ҳамроҳи Мамадбек фаъоли диаспораи помирӣ Дилдорбеков Мансур Мардонович низ дастгир шуда буд, аммо пас аз чанд соат раҳо шуд.

То ҳол сабаби боздошти Атобеков Мамадбек ва дар куҷо нигоҳдорӣ шуданаш маълум нест.

Баъд аз ҳодисаҳои ахири Бадахшон, ки бо кушта шудан ва боздошти даҳҳо зоддаи ин вилоят анҷомид, хабари боздошту ба Тоҷикистон истирдод шудани чандин зодаи ВМКБ дар қаламрави Русия расонаӣ мешавад.

Аз ҷумла, дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо, фаъолони помирӣ аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.

Пештар аз ин, бо қарори додгоҳҳои Русия Парвиз Ғоибназаров, Руслан Лашкарбеков, Руслан Пӯлодбеков, Ҷонибек Чоршанбиев, Муслим Наврӯзов, Чоршанбе Чоршанбеев ва чанд тани дигар ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд. Ва қабл аз онҳо Амриддин Аловатшоев аз қаламрави Русия рабуда шуда буд.

Инчунин сарнавишти ду зодаи дигари Бадахшон Абдуллобеков Акбар, ки кормандони интизомии Русия ӯро бо дархости додситонии Тоҷикистон дар метрои “Кузминки” боздошт карда буданд ва блогери зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мақсуд Ғаёсов, ки аз дохили манзилаш боздошт шуда буд, норӯшан боқӣ мемонад.

Чанд тани дигар дар боздоштгоҳҳои Русия интизори қарори истирдоданд ва дар Тоҷикистон хатари боздошту зиндонӣ шудан онҳоро таҳдид мекунад.

Ҳамаи ин афрод зодагони ВМКБ буда, дар Русия кору зиндагӣ мекарданд ва қисме фаъолони диаспораи помирӣ буда, бар зидди саркӯби мақомоти тоҷик алайҳи аҳолии Бадахшон садо баланд карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.