21.9 C
Dushanbe

Боздошти чанд муҳоҷири тоҷик дар Русия

Пулиси вилояти Краснодари Русия гурӯҳе аз муҳоҷирони кории Узбекистону Тоҷикистонро пас аз тафтиши аснод боздошт кард.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, мақомоти Вазорати корҳои дохилии шаҳри Армавири вилояти Краснадари Русия ҳамроҳ бо нерӯҳои вежаи ин вилоят 2-уми апрел дар маҳалли сохтмоне муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ ва узбекистониро бозҷӯӣ карда, 9 нафарашонро барои тафтиши бештар ба боздоштгоҳ бурдаанд.

Пулис мегӯяд, яке аз муҳоҷирони бозҷӯишуда бидуни иҷозати корӣ (патент) дар ин сохтмон кор мекардааст. Бинобар ин, пулис бар зидди корфармо ба далели бакоргирии коргарони ғайриқонунии хориҷӣ протокол тартиб дода, муҳоҷиронро боздошт кардааст.

То ҳол аз сарнавишти ин нуҳ нафар хабаре дастраси расонаҳо нашудааст.

Гуфта мешавад, назорату тафтиш ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ дар Русия давоми як соли ахир, бахусус пас аз ҳамлаҳои террористии “Крокус Сити Ҳол”, ки гумонбаронашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, зиёд шудааст.

Ҳамзамон дар ин муддат чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардиданд, ки шароити кориро барои муҳоҷирон мушкилтар кардааст. Аз ҷумла, вакилони рус лоиҳаи қонуни нави патентро ба Думаи давлатии Русия пешниҳод кардаанд, ки тибқи он патент барои муҳоҷири корӣ бояд “бо дархост дар соҳаи мушаххас, корхонаи мушаххас, минтақаи мушаххас” дода шавад ва на патенти универсалӣ.

Ва ҳамчунин як гурӯҳи дигари вакилон аз Ҳизби либерал-демократии Русия тарҳи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки тибқи он андоз барои муҳоҷирони корӣ то 30% боло бурда мешавад. Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирон вобаста ба маблағи даромад аз 13% то 22% андоз месупоранд.

Инчунин аз 1-уми апрели соли ҷорӣ, ба шаҳрвандони хориҷӣ мусофиркашонӣ бо шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ё байналмилалӣ дар Русия манъ шудаааст ва онро танҳо бо мақсади иҷрои корҳои шахсӣ истифода бурда метавонанд. Яъне муҳоҷирони тоҷик дигар наметавонанд бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон дар “такси” кор кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.