31.9 C
Dushanbe

Боздошти ду мақомдори Вазорати молия

Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти сардори шуъбаи иҷозатномадиҳии раёсати ҳуқуқи Вазорати молия ва як корманди ин шуъба ҳангоми гирифтани порра, хабар дод. 

Бино ба иттилои манбаъ, Далер Мирзоев, сардор ва Парвиз Наимов, сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳии Вазорати молия аз як шаҳрванд барои додани иҷозатномаи фаъолияти идораи букмекерӣ 3 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардаанд, ки ҳардуи онҳо ба “сӯиистифода аз мансаб” муттаҳам мешаванд.

Гуфта мешавад, Мирзоев ва Наимов аз ин маблағ пешакӣ 1000 долларашро гирифта, вақти гирифтани 2 ҳазор доллари дигар аз ҷониби кормандони Ожонсии зидди фасод дастгир ва маблағҳо ҳамчун далели шайъӣ аз онҳо гирифта шудааст.

Нисбати ин ду корманди баландмақоми Вазорати молия бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аллакай таҳқиқи он ба поён расида ва ба додгоҳ фиристода шудааст.

Назари ин ду нафар ва пайвандону вакилонашон дастраси расонаҳо нест. 

Вазорати молия низ то ҳол боздошти ин ду кормандони баландмақомашро шарҳ надодааст. 

Масъалаи порагирӣ ва фасод дар байни кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки рӯз то рӯз рушд меёбад. То ҳол Ҳукумат бо барномаҳои давлатияш натавониста пеши роҳи фасодзадагии мақомот, бахусус идораҳои марбут ба тақсими замину молиётро бигирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.