Боздошти ду нафар бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи узви собиқи ҲНИТ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи узви собиқи ҲНИТ домулло Абдуманнон ду сокини Исфараро боздошт кардааст.

ВКД рӯзи 5-уми май дар сомонааш хабар дод, ки Содиқов Маннони 61-сола, ки аз 27-уми апрели соли 2026 ҳамчун шахси бе ному нишон гумшуда ба қайд гирифта шуда буд, баъди гузаштани 5 рӯз ҷасадаш дар зери хок аз манзили зисти сохтмонаш нотамоми шаҳрванд Юлдошев Абдунабӣ, воқеъ дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурх бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидааст.

Дар робита ба қатли марҳум мақомот ду сокини шаҳри Исфара, Бобоев Эҳсони 31-сола ва тағояш Шарипов Юсуфи 46-cоларо боздошт кардааст.

Ба гуфтаи ВКД, ин ду нафар рӯзи 27-уми апрел тақрибан соати 03:00 Содиқов Маннонро бо баҳонаи ба шаҳри Душанбе рафтан ва аз маҳбас озод намудани фарзандаш Содиқов Абдусалом, ба мошини тамғаи “BMW”, рақами қайди давлатиаш 33-77 ZZ 02 савор карда, ба самти шаҳри Исфара ҳаракат кардаанд.

Аммо “гумонбарон дар дохили мошин дастони Содиқов Маннонро бо ресмон баста, 100.000 доллари ИМА-ро, ки бо худ доштааст, тасарруф намуда ва ба хонаи сохтмонаш нотамоми Юлдошев Абдунабӣ бурда, дар таҳхонаи он бо истифода аз корди хоҷагӣ, 9 маротиба, аз ҷумла 2 маротиба ба қисми чапи китф ва 7-маротиба ба қисмати рости гардани Содиқов Маннон зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонидаанд ва ҷасдро дар саҳни манзили истиқоматӣ зери хок намудаанд.”

То ҳол маълум нест, ки мақомот ба гумонбарон бо кадом моддаҳои Кодекси ҷиянотӣ парванда боз кардаанд.

Тибқи маълумоти иловагие, ки ба дасти Azda.tv расид, гумонбарон худро марҳум корманди амният (КДАМ) муаррифӣ карда, ӯро бо худ бурдаанд. Аммо ҷасадаш субҳи 4-уми май бо захми 11 зарби корд пайдо гардидааст.

Бояд гуфт, Содиқов Маннон раиси собиқи бахши ҲНИТ дар деҳаи Сурхи шаҳри Исфара буда, аз соли 2014 аз ҷониби мақомот мавриди таъқиб қарор гирифта, ба зиндон маҳкум шуда буд. Аммо дар охири соли 2015 аз маҳбас озод гардид.

Фарзанди марҳум, Содиқов Абдусалом низ моҳи октябри соли 2024 бо иттиҳомоти интиқоли пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардида, барои 7 сол равонаи зиндон гашта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.