Боздошти гумонбар бо иттиҳоми таҷовуз ва куштори ноболиғ

Бо гумони таҷовуз ва қатли як кӯдаки нобилиғ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон марди 35-солае зодаи ҳамин ноҳия боздошт шудааст.

Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар торихи 29-уми апрели соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ҷасади ноболиғ А. З., соли таваллудаш 2016, аз заминҳои деҳқонӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.

Гуфта мешавад, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як сокини ноҳияи Восеъ ҷамоати деҳоти Бобошоҳиён, Хайриддини Қурбонали Қодирзоди 35-соларо бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят боздошт карданд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбар аз ҳолати нотавонии ноболиғ истифода бурда, ҳангоми аз мактаб баргаштани ӯ дар ҷойи беодам даст ба ҷинояти мудҳиш задааст. Ҳамчунин, тибқи хулосаи пешакии экспертизаи судӣ-тиббӣ, сабаби марги ноболиғ “буғикунии механикӣ” арзёбӣ мегардад.

Дар хабари Вазорати корҳои дохилӣ зикр мешавад, ки нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти пурраи ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти марбута ошкор нашудааст ва тафтишот идома дорад. Ҳамчунин назари боздоштшуда ва наздикони ӯ низ дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.