13.9 C
Dushanbe

Боздошти як мақомдори ҳукумати шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубораза бо фасод дар ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошт шудани як мақоми баландпояи ҳукумати шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъи ин агентӣ шаҳрванд, Мухторов Беҳруз Муҳтоҷович, ки дар вазифаи сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кор мекарда,  аз шаҳрванд Сониева Ш.М. 24 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

Ба иддаои Агентӣ ин мансабдори зертобеи Шаҳрдорӣ, ки раёсаташро писарбузурги расиҷумуҳури кишвар Рустами Эмомалӣ бар уҳда дорад, аз шаҳрванд Сониева моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ, яъне тавассути музояда шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, маблағи 24.000 сомонӣ талаб карда гирифта аст.

Ҳамзамон Агентии зидди фасод  Мухторовро низ дар гирифтани 225.370 сомонӣ муттаҳам мекунад. Гуфта мешавад номбурда ба тарзу усули дар боло зикргардида, моҳи апрели соли 2019 аз шаҳрванд Қудратов Н.А. барои шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналӣ, ин маблағро гирифтааст.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати мубориза бо фасод, нисбати Мухторов Б.М. Оиди ҳолатҳои мазкур бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда аст. Дар ҳамин ҳол назари муттаҳам дар ин қизия ё вакили дифои ӯ маълум нест ва Агентӣ дар ин бора ҳеҷ ишора накарда аст.

Мушкилии фасод ва ришваситонӣ дар Тоҷикстон ба таври густурда доман паҳн карда, дар се даҳсолаи ахир, ки Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад, ба яке аз кишварҳои фасодзадаи дунё табдил шудааст.

Соли 2019 Тоҷикистон дар шохис (индекс)-и пазириши фасод, ки ҳамсола созмони Transparency International таҳия мекунад, дар миёни 180 кишвар мақоми 152-юмро касб кард. Тоҷикистон дар шохиси фасод бо кишварҳое чун Никарагуа, Мадагаскар ва Камерун ҳамҷивор аст.

Тайи тамоми солҳои кишвародории Эмомалӣ Раҳмон фасод аз мушкилии асосии кишвар буда, дар соли 2007 бо мақсади муқовимат бо фасод дар Тоҷикистон Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод таъсис дода шуд. Аммо коршиносон  бар ин назаранд, ки фаъолияти ин оҷонсӣ барои васеъ шудани доираи фасод бештар мусоидат мекунад.

Номи  Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар соли 2017 дар сархати расонаҳо бо расвоии бузурге ҷой гирифта буд, ки он замон 17 корманди ин ниҳод барои сӯистифода аз мақом зиндонӣ ва 40 нафар бо гумони даст доштан боздошт шуданд.

Агентии зидди фасод сари чанд вақт аз бозтошт шудани кадом омӯзгор ва ё корманди ҷамоат барои гирифтани ришва ва ҳангоми додани пора дастгир шуданаш хабарҳо нашр мекунад. Аммо ба андешаи коршиносон шикори чунин “моҳичаҳо” барои аз байн бурдани фасод дар кишвар муваффақ буда наметавонад ва танҳо барои хок пошидан ба чашми мардум аст, ки бигӯянд масъулон кор мекунанд.

Дар миёни мардум чунин гапҳое ҳам ҳаст, ки “об аз боло лой аст” ё барои аз байн бурдани фасод шикори наҳангони бузург лозим аст. Ба гуфтаи огоҳони умур, тамоми “наҳангҳои бузург” аз наздикону хешовандони расиҷумуҳаранд.

Ахиран Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, коршиносон дастгиру зиндонӣ шудани ӯро ба интиқод аз қудои раисҷумҳур Бег Сабур рабт доданд.

Бек Сабур, қудои раисҷумҳур бо ин ки борҳо бо суистифода аз мақоми давлатӣ дар сархати расонаҳо қарор гирифт ва Хадамоти алоқа зери роҳбарии ӯ рукуд кард, ҳамоно дар мансаби сардори Хадамоти алоқа аз соли 2011 боқӣ монда аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.