30.9 C
Dushanbe

Манъи фурӯши лампаҳои каммасраф дар Тоҷикитсон

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури қароре аз 1-уми июни соли ҷорӣ ворид, истеҳсол  ва фурӯши лампаҳои каммасрафи симобдорро мамнуъ эълон кард.

Тавре расонаҳои ҳукуматӣ хабар медиҳанд, ҳадаф аз қабули ин қарори Ҳукумати кишвар пешгирӣ аз зарари симоб ба муҳити атроф, хусусан аҳолии кишвар гуфта мешавад.

“Ҳангоми истифодабарии фурӯзонакҳои люминасентӣ — симобдори сифаташон ё баъди корношоям гардиданашон, ки онҳоро ба партовгоҳҳо мебаранд, симоб ба муҳити зист паҳн гардида, ба саломатии инсонҳо ва табиат зарар мерасонад. Баъди корношоям шудан чунин фурӯзонакҳо бояд дар ҷойҳои махсус безарар гардонида мешуданд.”, — гуфтааст Файзалӣ Шодмонзода, муовини сардори Раёсати таъминоти метрологии Агентии “Тоҷикстандарт” ба АМИТ “Ховар”.

Мутахассисони “Тоҷикстандарт” ба ин хулоса расидаанд, ки лампаҳои оддӣ дар қиёс ба лампаҳои каммасрафи симобдор рӯшноии бештар дошта ва барқро камтар мегиранд.

Манъи фурӯши ин лампаҳои каммасраф дар ҳолест, ки соли 2009 мақомоти кишвар мардумро маҷбур барои иваз кардани лампаҳои маъмулӣ ба ин лампаҳои каммасраф карда буданд ва дар чандин ҳолат сокинон барои насб накардани ин лампаҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор ҷарима ҳам шуда буданд.

Он замон гуфта мешуд, ин тиҷорати яке аз афроди хонаводаи Раисҷумҳури кишвар ва ё нафаре наздик ба ин хонавода аст, аз ин рӯ мақомот мардумро барои насби он маҷбур доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...