Боздошти як ворухӣ дар Русия бо дархости Қирғизистон

Дар шаҳри Новосибирски Русия боз як сокини Ворухи шаҳри Исфара бо дархости мақомоти Қирғизистон боздошт шуд. Дар ин бора

Акс аз саҳифаи фейсбукии Ғафур Ҷӯраев

Тибқи иттилои Ҷураев зоҳиран рӯзи 11-уми ноябр Диловар Ҷураев, як сокини деҳаи Ворух бо гумони даст доштан дар ташкили даргириҳои марзии баҳори имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шудааст.

Аммо тафсилоти дақиқи хабари боздошти ҳоҷӣ Диловар маълум нест.

Инчунин то ҳол дар бораи боздошти ӯ вокунишҳои расмие на аз ҷониби Тоҷикистон ва на аз ҷониби Қирғизистон сурат нагирифтааст.

Ба ин монанд мақомоти Бошқирдистони Русия моҳи феврали соли ҷорӣ як сокини дигари Исфара, Фурқат Абдуфаттоевро бо дархости Қирғизистон боздошт карда буд. Ӯ он замон барои ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар нуқтаи аломатгузоришудаи марз байни шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд муттаҳам мешуд. Аммо Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон моҳи июл хабар дод, ки бо дахолати онҳо ин шаҳрванди тоҷик озод карда шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар вокуниш ба боздошти шаҳрвандони кишвар бо дархости Қирғизистон дар Русия вокуниш нишонда дода, ин боздоштҳоро “дорои ангезаи сиёсӣ” номида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.