Мақомоти Тоҷикистон ду блогери фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ — Рустам Ашуров ва Абдуллоҳ Зарифзода, маъруф ба Идибеки Бохтариро, ки миёни ҷомеа ҳамчун блогерони “ҳукуматӣ” шинохта шудаанд, боздошт кардааст.
Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Рустам Ашӯрови 37-cола баъд аз таҳқиқи фаъолияти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод боздошт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Ашуров ҳамчун блогер фаъолият дошта, чанде пеш навореро нашр кардааст, ки дар он рафторҳои тарғибкунандаи талбандагӣ ва муносибати беэҳтиромона нисбат ба асъори миллӣ инъикос ёфтаанд.
Мақомот ин амали Ашуровро беэҳтиромӣ нисбат ба ҷомеа номида, нисбати ӯ тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, баъдан додгоҳ парвандаро баррасӣ карда, нисбати Рустам Ашӯров ҷазо дар шакли 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Хатлон блогери дигар Абдуллоҳ Зарифзода, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар бо номи “Идибеки Бохтарӣ” шинохта мешавад, низ боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, сабаби боздошти ӯро дашном, суханони таҳқиромез ва алфози қабеҳ нисбати дигар корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар пахши мустақим гуфтааст.
Ҳамчунин мақомот мегӯянд, ки блогер бо вуҷуди он ки қаблан низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд, фаъолияти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дода, дар бархе аз наворҳо меъёрҳои ахлоқии муоширатро риоя накардааст ва дар натиҷа ӯ бо қарори додгоҳ ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум гардидааст.
Боздошти Идибеки Бохтарӣ дар ҳолест, ки ӯ соли 2025 бо гуноҳи “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият” ба як сол зиндон маҳкум шуда буд.
Пеш аз боздошташ, Идибеки Мардон дар наворе бо гиря аз мақомдорони Тоҷикистон шикоят карда, гуфта буд, ки Тоҷикистонро тарк кардааст. Дертар ӯ бо нашри наворе аз раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Абдулмаҷид Муминзода гила карда, иддао дошт, ки маҳз ӯ ба тарки Ватан маҷбураш сохтааст.
Ӯ дар ин навораш шаҳрдори Бохторро дашномҳои қабеҳ карда, гуфт, ки “ӯ фармон додааст, ки миёни Бохтариро шикананд.” Акнун маҷбур аст кишварро тарк кунад. Бохтарӣ низ ишора карда буд, ки 80-90% ҷавонон аз дасти чунин мансабдорон кишварро тарк мекунанд ва ба гурӯҳҳои мухолифин мепайванданд.
Бояд гуфт, ин блогер пештар бо гузоштани риши дароз ва наворҳои интиқодӣ алайҳи мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шуҳрат пайдо карда буд. Аммо яку якбора худи ӯ бо мақомдорон дар Бохтар дарафтод ва иддао кард, ки маълумоти зиёде дар бораи фасоди раиси шаҳри Бохтар ва дигар мақомдоронро дар даст дорад ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро нашр хоҳад кард.
