31.9 C
Dushanbe

Боздошти кормандони молиявии ДТТ бо иттиҳоми дуздии буҷаи давлат

4 корманди бахши муҳосиботи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иттиҳоми тасарруфи ғайриқонунии тақрибан 200 ҳазор сомонии буҷаи давлат муттаҳам мешаванд.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, пас аз санҷиши молиявии донишгоҳи мазкур маълум гашта, ки кормандони молиявии он буҷаи давлатиро беасос азонихуд кардаанд.

“Зимни санҷиши ҳисоб ва пардохти музди меҳнати кормандони Донишгоҳ муайян гардид, ки 4 нафар корманди муҳосибот ба кортҳои электронии худ маблағи 194848 сомониро беасос интиқол дода, баъдан тавассути филиали БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Исфара тасарруф карда гирифтаанд”, омадаастдар хабари Агентӣ.

Аммо ин кормандони молиявии ДТТ дар шаҳри Исфара боздошт шудаанд ё на, дар хабар чизе гуфта нашудааст. Танҳо ҳамин гуфта мешавад, ки “вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ришваву фасод яке аз мушкилотест, ки дар тамоми сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон реша давондааст. Агарчи ниҳоди давлатии махсусе бар зидди ин падида мубориза мебарад, вале дида мешавад, ки сатҳи фасод на кам, балки бештар мешавад. Коршиносон яке аз иллатҳои паҳншавии фасод дар идораҳои давлатии Тоҷикстонро даст доштани худи масъулони баландпоя ва шахсони аввали кишвар медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.