3.9 C
Dushanbe

Боздошти модари 7 фарзанд дар Русия

Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав як зани зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.

Ин ниҳод Таҳмина Самадоваро ба он гумонбар медонад, ки гӯё ӯ барои дарёфти кӯмакпулии калон дар бораи даромади шавҳараш ва шумори афроде, ки бо ӯ ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд маълумоти бардурӯғро ба мақомот пешниҳод кардааст.

Ба иддаои дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия, Самадова даромади шавҳараш Рамазон Раҳимовро чанд маротиба кам нишон додааст, то оилаи онҳо ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шавад. Ҳамчунин ӯ дар ҳуҷҷатҳо нишон додааст, ки ҳамроҳ бо ӯ дар як хона 13 нафар, аз ҷумла бародараш бо 2 фарзандаш истиқомат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳамзамон ин ниҳод гӯё ҳангоми кофтукоб аз гумонбаршуда ҳуҷҷатҳо ва телефонҳои гаронарзиш бо қимати 120 ва 140 ҳазор рубл мусодира кардааст, ки оилаи ниёзманд будани онҳоро зери суол мебарад.

Назари ин модари серфарзанд ва ҳамсараш дар ин бора дастрас нест ва маълум нест аз ҳуқуқи Самадова кӣ ҳимоят хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Таҳмина Самадова ва ҳамсараш Рамазон Раҳимов дорои шаҳрвандии Русия буда, беш аз 17 сол дар ин кишвар зиндагӣ ва се духтару чор писарро дар як манзили якҳуҷрагӣ бузург мекунанд.

13-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская ба ин оила шаҳодатномаи давлатии хариди манзил ба маблағи зиёда аз 24 миллион рублро тақдим карда буд.

Купетская дар шабакаи телеграми худ тақдими хона ба оилаи Самадоваро як хурсандии солинавӣ номида, аз Таҳмина Самадова ҳамчун як модари фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии мактабу кӯдакистон ва ҳам корманди ихтиёрии фондҳои хайрияи маҳаллӣ ва нақши мусбати ҳамсараш дар тарбияи фарзандон ситоиш карда буд.

Аммо ин хабар дар шабакаҳо ва расонаҳои русӣ вокуниши зиёд ва хашми миллатгароёни Русияро ба бор оварда, ин оиларо ба фасодкорӣ ва бевафоӣ ба Русия муттаҳам карданд. Баъзеҳо навиштаҳои шавҳари Самадоваро дар фейсбук, ки аз Тоҷикистон пуштибонӣ карда, гуфта буд, ки “готов порвать любого за таджикский флаг” мисол овардаанд.

Пас аз вокуниши миллатгароёни рус, 20-уми январ раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, ки дар расонаҳо бо мавқеъгириҳои зидди муҳоҷирияш машҳур аст, талаб намуд, ки дар бораи ин қазия ҳисобот пешниҳод кунад ва дар натиҷа нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи қаллобӣ (қисми 4-и моддаи 159.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба ин хабар вокунише накардаанд, аммо Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ дар изҳороте ин қазияро як намунаи рӯшани таъқиби доимии ақаллиятҳои миллӣ дар Русия номида, гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо барои мансубияти миллиашон дар Русия бо таҳқир ва таҳдиди доимӣ рӯбарӯ мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳҳо парванда ба иттиҳоми “фасодкорӣ” барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ

Дар робита ба дуздии миллионҳо сомонӣ аз будҷети Вазорати дифоъ, ки соли гузашта рух дода буд, нисбати 26 корманди давлатии дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қатли ду зодаи Осиёи Марказӣ дар пайи “амалиёт” дар Русия

Хадамоти амнияти Федералӣ (ФСБ)-и Русия аз пешгирии як ҳамлаи теруристӣ дар вокзали шаҳри Псков хабар дод.

Хабари боздошти Идибеки Бохтарӣ тасдиқ шуд

Додгоҳи шаҳри Бохтар боздошти Идибеки Мардон, маъруф ба "Идибеки Бохтарӣ"-ро, ки яке аз мубаллиғони ашаддии Ҳукумат дониста мешуд, тасдиқ кард.

Ҳукми зиндони даҳҳо нафар бо иттиҳоми амали террористӣ дар ҷашни “Наврӯз”

Додситони кулли Тоҷикистон даҳҳо шаҳрвандро бо иттиҳоми нақшаи анҷоми амали террористӣ дар маросими ҷашни Наврӯз 2024 боздошт кард.