Дар шаҳри Санкт-Петербург як муҳоҷири 28-сола аз Тоҷикистон бо гумони “дуруст шумурдан ва сафедкунии терроризм” боздошт шудааст.
Қудрат Қурбонов, муҳоҷири корӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон, бо қарори додгоҳи “Октябрский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия то 26-уми январи соли 2026 ба ҳабси пешакӣ фиристода шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург, Қурбонов гӯё моҳи марти соли 2024 дар паёмрасони худ шарҳҳои тарафдорона нисбат ба ҳамлагарони “Крокус Сити Ҳолл” нашр карда будааст. Мақомот ин амалро “ҳимоят ва сафедкунии терроризм” арзёбӣ карда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.
Хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, ки Қурбонов шаҳрванди Тоҷикистон аст ва “ҷонибдори гурӯҳи террористии ДИИШ” мебошад. Аммо назари худи Қурбонов ва наздиконаш ҳанӯз маълум нест. Додгоҳ иддао дорад, ки ӯ ба гуноҳи худ иқрор шудааст.
Бояд қайд кард, ки моҳи марти соли гузашта Баҳодур Зуҳуров, як муҳоҷири 26-солаи тоҷик, низ бо итиҳоми “ҳимоят аз аммали террористӣ” дар Санкт-Петербург боздошт шуда буд. Ӯ барои нашри навори ҳамла дар “Крокус” ва ҷонибдорӣ аз он мутаҳам шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2024 дар Маскав ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” рух дода буд. Дар пайи ин ҳодиса чанд шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Баъд аз он муносибат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия боз ҳам шадидтар гардид. Ба гуфтаи фаъолон ва худи муҳоҷирон, аз ҳамон вақт то имрӯз фишор, боздошт ва бозгардондани тоҷикон аз марзҳои Русия бо баҳонаҳои гуногун идома дорад. Мақомот аксар вақт муҳоҷиронро танҳо бо гумони “хатар” ё “вайрон кардани қоидаҳои маъмурӣ” бозмедоранд, ки ин нигаронии ҷиддиро дар ҷомеаи тоҷикон ба бор овардааст.
