30.9 C
Dushanbe

Боздошти пуштибони муҳоҷирон дар фурудгоҳи Шереметово

Нерӯҳои амниятии Русия (ФСБ) ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупикро аз Русия ихроҷ ва вуруди ӯро ба ин кишвар то соли 2051 манъ кард.

Валентина Чупик. Акс: RFE/RL

Валентина Чупик, раиси созмони ҷамъиятии “Тонг Ҷаҳонӣ” (Субҳи ҷаҳон), ки ба муҳоҷирон кумак мекард, дар фурӯдгоҳи Шереметево боздошт шуд. Дар ин бора худи ӯ ҳангоми боздошташ ба “

Бино ба навиштаи “Новая Газета” Чупик танҳо тавонистааст нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки нерӯҳои амниятӣ ба ӯ додаанд, ба ин рӯзнома бидиҳад, ки баъдтар муошират бо вай қатъ мешавад.

Валентина Чупик шаҳрванди Ӯзбекистон буда, ба эҳтимоли зиёд метавонанд вайро ба кишвараш истирдод кунанд. Ин ҳомии ҳуқуқ пас аз ҳодисаҳои Андиҷон соли 2006 аз Ӯзбекистон фирор кард ва пас аз се сол вай дар Русия мақоми паноҳандагӣ гирифт.

Ин ҳомии ҳуқуқ пас аз рӯйдодҳои Андиҷон ба Русия кӯчида аз соли 2005 нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи мардуми мулкӣ, ки дар майдони асосии шаҳр ҷамъ омада, адолатро талаб мекарданд, оташ кушоданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, беш аз 500 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Чупик солҳои зиёд дар Маскав ҳамчун паноҳада ба сар мебарад ва ба муҳоҷироне, ки бо фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мушкилоти дигар рӯбарӯ мешуданд, ба таври ройгон кумаки ҳуқуқӣ мерасонд.

Ба навиштаи “Медиазона”, Чупикро бар асоси қонун “дар бораи гурезаҳо” банди (Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё қасдан маълумоти нодуруст додан барои ба даст овардани паноҳандагӣ ҳамчун гуреза эътироф шудан) аз мақоми паноҳандагӣ маҳрум карда шуд.

Мақомоти Русия ҳанӯз дар бораи боздошти Чупик расман изҳори назар накардааст.

Ин бори аввал нест, ки ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия аз тарафи мақомоти ин кишвар таҳти фишор қарор гирифта, фаъолиятҳояшонро қатъ мекунанд ва ё бархеро аз кишвар ихроҷ менамоянд.

Соли 2017 Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии муҳоҷирони кории тоҷикро барои фаъолиятҳояш аз шаҳравандии Русия маҳрум ва ба Тоҷикистон истирдод карданд. Шодравон яке аз ҳомиёни ҳуқуқ буд, ки сиёсати Русияро нисбати муҳоҷирон шадидан интиқод мекард.

Иззат Амон, поягузори созмони “Тоҷикон” дар Маскав, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дифоъ мекард, бо баҳонаҳои гуногун аз қаламрави Русия ихроҷ шуд.

Инчунин 19 майи соли ҷорӣ раиси ҷамъияти тоҷикони “Пайванд” дар Самара Саидасрор Мирзоевро аз Русия ихроҷ карданд. Вайро ҳанӯз 23-юми декабри соли 2020 додгоҳи шаҳри Самара шаҳрвандияшро бекор карда буд. Саидасрор дар байни муҳоҷирон бо лақаби “Ганс” маъруф буда, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Самараро идора мекард.

Баъд аз ҳамрасонӣ шудани боздошти ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик коршнисони тоҷик дар шабакаҳои маҷозӣ менависанд, ки бо ихроҷи Валентина Чупик Русия ҳарфи охираш дар бораи муҳоҷиронро зад: Муҳоҷирон дар Русия дигар наметавонанд ҳуқуқ дошта бошанд!

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масълаҳои ҳамкории дуҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баъд аз боздошту латтукӯби муҳоҷирон Лавров ба Тоҷикистон меравад

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо як сафари кории ду рӯза озими Тоҷикистон мешавад.

Додгоҳ эътироф кард, ки Розиқов бо шиканҷа кушта шудааст

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб эътироф карда, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола,...

Дар Қирғизистон аз як кӯдето пешгирӣ шудаст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 5-уми июн аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки ба гуфти ин ниҳод, қасди кудето кардан дар ин кишварро доштаанд.