Боздошти рӯҳониён дар Русия

Дар чанде аз шаҳрҳои Федератсияи Русия намояндагони идораҳои динии мусулмонон аз ҷониби мақомот боздошт шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи “Царьград”, ки аксар расонаҳои русӣ дар такя ба ин сомона хабар навиштаанд, дар шаҳрҳои Маскав, Саранск, Санкт-Петербург, Саратов ва дигар шаҳрҳо чанде аз рӯҳониён боздошт гардидаанд.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки муфтии Мордовия Абдулмалик (Раил) Асаинов ва муфтии собиқи Карелия Висам Алӣ Бардвил низ низ боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои нашршуда, ҳамаи боздоштшудагон узви Идораи динии мусулмонони Федератсияи Русия мебошанд.

То ҳол мақомоти расмии Русия ва роҳбарияти ин идора дар бораи боздошти рӯҳониён ва сабаби он чизе нагуфтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.