Боздошти сафири собиқи Италия дар Узбекистон

Собиқ сафири Италия дар Узбекистон Пиергабриэле Пападиа де Боттини ди Сант-Анезе бо гумони даст доштан дар “фурӯши визаҳои Шенген” ба шаҳрвандони Русия дар шаҳри Рим боздошт шуд.

Бино ба иттилои додситонии Италия, дипломати мазкур, ки аз охири соли 2024 то соли 2025 сафири Италия дар Узбекистон буд, аз мақоми хидматии худ истифода бурда, раводидҳои дарозмуддати ҳадди ақал 95 шаҳрванди Русияро, ки ба талаботи асосии минтақаи Шенген ҷавобгӯ набудаанд ва ҳатто шахсан ба консулгарӣ ҳозир нашудаанд, тасдиқ кардааст.

Ин навъ раводид ба соҳибони он иҷоза медиҳад, ки дар қаламрави кишварҳои минтақаи Шенген, ки аксари давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро дар бар мегирад, дар давоми ҳар 180 рӯз то 90 рӯз озодона сафар кунанд.

Тафтишот нисбати ин дипломат баъд аз санҷиши Вазорати корҳои хориҷии Италия, ки моҳи июли соли 2025 анҷом дода шуда буд, оғоз гардидааст. Гуфта мешавад, дар ҷараёни санҷиш муайян шудааст, ки аз 92 парвандаи омӯхташуда, дар 81 ҳолат ҳеч сабти ҳузури довталабон дар сафорат мавҷуд набудааст.

Мақомоти тафтишотӣ бар ин назаранд, ки собиқ сафир бо як шаҳрванди Италия, ки аслан зодаи Русия буда, дар Булғористон зиндагӣ мекунад, ҳамкорӣ доштааст. Гуфта мешавад, ки ин шахс қаблан низ ҳангоми фаъолияти Пападиа дар консулгарии Италия дар Маскав бо ӯ ҳамкорӣ мекардааст.

Тибқи фарзияи додситонӣ, раводидҳо то се сол муҳлат дошта, бо арзиши аз 4 ҳазор то 16 ҳазор евро ба довталабоне дода мешуданд, ки ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда буданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаққи расмии консулӣ одатан аз 45 то 60 евро бештар нест.

Ҳоло нисбати ҳар ду гумонбар бо иттиҳоми мусоидат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фасод парванда боз шудааст.

Илова бар ин, додситонӣ манбаи дороиҳои собиқ дипломатро, ки тақрибан 3 миллион евро арзёбӣ мешаванд, низ таҳқиқ карда истодааст. Худи Пападиа мегӯяд, ки ин маблағҳо аз мерос ба ӯ расидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.