Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми июл аз боздошти се ҷавон бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғ хабар доданд.
Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ Рустамҷон Саидов, Авазбек Салмониев ва Иномҷон Бобоназаровро боздошт кардаанд.
Тибқи маълумоти мақомот, Рустамҷон Саидов ва Авазбек Салмониев ба алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ гумонбар мешаванд. Иномҷон Бобоназаров бошад, бо гумони содир кардани амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба ҳамон духтари ноболиғ боздошт шудааст.
Мақомот мегӯянд, зимни санҷиш муайян шудааст, ки ҳар яке аз гумонбарон дар вақтҳои гуногун ва алоҳида амал кардаанд. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, онҳо медонистанд, ки ҷабрдида духтари ноболиғ буда, дар синфи панҷум таҳсил мекунад, аммо бо вуҷуди ин, нисбат ба ӯ амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ анҷом додаанд.
Ҳоло ҳар се гумонбар бо қарори мақомот дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти парванда идома дорад.
То кунун назари худи гумонбарон, наздикони онҳо ё вакилони дифоъашон дар бораи ин иттиҳомҳо дастрас нест.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз волидон даъват кардааст, ки ба амният ва назорати фарзандони ноболиғи худ бештар таваҷҷуҳ кунанд.
