Боздошти шаҳрдори Истанбул ва тазоҳуроти хиёбонӣ дар Туркия

Бо фармони Додситонии кулли Туркия 19-уми марти соли ҷорӣ шаҳрдори Истанбул Акрам Имомуғлу ва беш аз 100 мансабдору чеҳраҳои маъруф боздошт шуданд.

Мақомоти додситонӣ Имомуғлу ва дигар боздоштшудаҳоро ба фасод, ташкил ва раҳбарии гурӯҳи ҷиноятӣ, тамаъҷӯӣ, дасткорӣ дар тендерҳо ва қаллобӣ муттаҳам мекунад.

Инчунин додситонӣ Имомуғлуро ба “ҳимоят ва дастгирии ғайримустақим” аз Ҳизби коргарии Курдистон (PKK), ки Туркия онро “созмони террористӣ” мешуморад, айбдор кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар сохторҳои шаҳрдорӣ аъзои ин созмонро ба кор гирифтааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, Имомоғлу дар чорчӯби ду парвандаи алоҳидаи Раёсати таҳқиқи ҷиноятҳои “террористӣ” ва “ташкилоти ҷиноӣ” боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло шаҳрдори Истанбул ба муҳлати 4 рӯз боздошт шудааст, агар тафтишот зарур донист боз ҳукми боздошти муваққатияш дароз карда мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар пайи боздошти шаҳрдори Истанбул ҳазорҳо ҷонибдор ва мухолифи ҳукумати феълии Туркия ба хиёбонҳо баромада, озодии ӯро талаб карданд.

Боздошти шаҳрдори Истанбул дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор буд чанд рӯз баъд интихоботи пешакӣ дар дохили Ҳизби халқии ҷумҳурӣ (CHP) сурат бигирад. Имамоғлу яке аз номзадҳои асосӣ дар муқобили президенти кунунӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, дар интихоботи ояндаи президентии ин кишвар шуморида мешуд.

Мунтақидони ҳукумати Туркия мегӯянд, боздошти Имомуғлу барои саркӯби дигарандешон ва чеҳраҳои наву пурнуфузи сиёсӣ аст, ки ҳизби ҳоким намехоҳад дигарон сари қудрат биёянд.

Раиси Ҳизби халқии ҷумҳурӣ (CHP) Ӯзғур Ӯзел ин боздоштро “кудатои зидди демократия” хонд ва ҳукуматро барои барканор кардани Имомоғлу ва канор задани мухолифон аз саҳнаи сиёсӣ муттаҳам кард.

Аммо мақомоти додситонии Туркия ин иттиҳомро рад карда, гуфтаанд, ки шаҳрдор аз қонун боло нест ва агар бегуноҳ бошад ҳатман озод мешавад ва дар акси ҳол бояд назди қонун ҷавоб бигӯяд. Ва низ боздошти чандин масъули дигарро, аз ҷумла раиси ноҳияи Шишлӣ, муовини ӯ ва раиси Пажӯҳишгоҳи ислоҳот ва чеҳраҳои шинохта, ки баъзе онҳо аъзои ҳизби ҳокиманд, далели мақсаднок набудани ин боздоштҳо мегӯянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи Русия маҳкум шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Новотроитски вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Қарор: Дарси тарбияи ҷисмонӣ барои коргарон ҷорӣ мешавад

Аз ин пас тамоми корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор хоҳанд буд, ки барои кормандони худ ҳар рӯз на камтар аз 20 дақиқа машқҳои баданӣ ташкил намоянд.

Дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав чанд тоҷири тоҷик зарар диданд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба вилояти Маскав чанд корхонаи коркарди нафт оташ гирифта, бозори бузурги "Садовод", ки макони кори ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст, осеб дидааст.

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.