5.9 C
Dushanbe

Боздошти як тоҷик дар Русия бо гумони куштори зан

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Санкт -Петербург муҳоҷири кории тоҷик, Ҷамшед Сулаймонови 42-соларо бо иттиҳоми қатли як зан боздшот кард.

Тибқи маълумоти расонаҳои русӣ, 28-уми августи соли ҷорӣ тафтишот нишон дода, ки Ҷамшед Сулаймонов дар ҳолати мастӣ бо як зани 39-сола, фурӯшандаи мағозаи қаннодии “Невские Берега” дар шаҳри Санкт -Петербург муноқиша ва сипас ҳамла карда, ӯро аввал буғӣ ва баъди он бо корд ба қафаси синааш зада куштааст.

Аксари расонаҳо дар бораи ҳувияти мақтул чизе нагуфтаанд, аммо хабаргузории “МКRU”-и шаҳри Санкт -Петербург навишта, ки ин зан шаҳрванди Узбекистон буда, маъшуқаи гумонбар будааст.

“Сулаймонов шароб нӯшида ба ҷои кори зан омад, пас аз чанде байнашон муноқиша сар зад. Мард ӯро ба қатл расонд. Як соат пас аз ҳодиса ҳамсоягони гирду атроф ҷасади хунолуди занро аз назди дари ҳоҷатхонаи мағоза пайдо карданд. Дар наздикии ҷасад ду ресмон мехобид. Тафтишот нишон дод, ки зан аввал буғӣ шуда, баъдан бо корд кушта шудааст.”- мегӯянд наздикони зан ба “MKRU”.

Мақоқмоти тафтишотии Сангт-Петербург гуфтаанд, ки Сулаймонов пас аз куштор аз хазинаи мағоза 8 ҳазор рубли русӣ гирифта аз ҷои ҳодиса фирор кард, “аммо баъд аз як рӯз ӯро кормандони оперативӣ дар фурӯдгоҳи Шереметевои Маскав ҳангоми кӯшиши парвоз ба Тоҷикистон боздошт карданд. Ӯ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуд.”

Аммо то ҳанӯз назари наздикон ва ё гумонбар дастрас нест. Ва ангезаи аслии ин куштор аз забони худи гумонбар нақл нашудааст.

Гуфта мешавад, дар ҳолати исботи гуноҳ ин шаҳрванди Тоҷикистонро то 20 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.