31.9 C
Dushanbe

Боздошти тоҷикон бо асноди ҷаълӣ дар Лаҳистон

Пулиси Лаҳистон рӯзи 26-уми октябр хабар дод, ки ҳангоми гузарондани амалиёти махсус шуморе аз ронандагони тоҷикро бо асноди ҷаълии ронандагӣ боздошт кардааст.

Акс аз гузориши видеоии “POLICJA.PL”

Кормандони полис ва марзбонии Лаҳистон рӯзи чоршанбе дар Варшава, пойтахти ин кишвар як амалиёти махсуси мубориза бо ҷиноятҳои ронандагоне, ки ба мусофирбарӣ машғуланд, анҷом доданд.

Ба гуфтаи пулис, дар ин амалиёт 12 ронандаи хориҷӣ боздошт шуда, мувофиқ ба ҷиноёти содир кардаашон ҷаримаҳои гуногун баста шуданд. Гуфта мешавад, аксари боздоштшудаҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки асосан аз Қавқоз ва кишварҳои

Акс аз гузориши видеоии “POLICJA.PL”

Гуфта мешавад, дар ин амалиёти пулиси Варшава асноди ронандагӣ ва асноди будубоши қонунии муҳоҷирони таксирон мавриди тафтиш қарор гирифтааст. Дар натиҷа маълум гардида, ки 12 нафар аз ронандагони таксӣ бо асноди ҷаълӣ фаъолият мекардаанд, ки чанд нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Аммо пулис шумори дақиқи тоҷикони боздоштшударо нагуфтааст.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта пулиси Варшава низ 20 нафар аз шаҳрвандони хориҷиро, ки ба мусофиркашонӣ машғул буданд, бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтарони боздошт карда буд, ки 2 нафарашон тоҷик гуфта мешуд.

“Аз 20 ҳолати тасдиқшуда 6 нафарашон шаҳрвадони Гурҷистон, 2 шаҳрванди Узбекистон, 2 шаҳрванди Тоҷикистон, 1 шаҳрванди Алҷазоир ва я1 шаҳрванди Туркманистон мебошанд. Онҳо занонеро, ки аз таксиҳои ширкатҳои “Uber” ва “Bolt” тавассути барнома фармоиш дода ва дар Варшава истифода мекарданд, таҷовуз кардаанд.”, хабар дода буд пулиси Варшава.

Қаблан тоҷикон ҳангоми сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ба Русия ва Қазоқистон сафар мекарданд. Аммо шуръ аз солҳои 2018-2020 муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистону Узбекистон ва Қавқоз ба умеди зиндагии беҳтаре роҳ ба сӯи Аврупо ва дигар кишварҳои дунё гирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.