Боздошти як муҳоҷири тоҷик барои пайкрасонӣ дар Маскав

Пулиси Маскав як муҳоҷири тоҷикро барои он ки дар минтақаи Рублевкаи Маскав ба пайкрасонӣ (курьер) машғул буд, боздошт кард.

Хабаргузории “Настоящее время“, ки рӯзи 21-уми октябр ин гурзоришро нашр кардааст, аз ин муҳоҷири тоҷик Ҳошимҷон ном мебарад ва мегӯяд, ду ҳафта мешавад ӯ дар боздоштгоҳ аст ва хатари истирдод ӯро таҳдид мекунад.

Ба нақли манбаъ, 8-уми октябри соли ҷорӣ пулиси роҳ Ҳошимҷонро боздошт карда, ҳуҷҷат мепурсад, вақте мефаҳмад, ки ин муҳоҷири тоҷик ба Рублевка пайк (курьер) мебарад, гуфтааст, ки муҳоҷирон ҳақ надоранд дар минтақаи мазкур кор кунанд. Ин муҳоҷир мегӯяд, дар онҷо кор намекунад, танҳо пайк мебарад ва вазифаашро анҷом медиҳад. Аммо пулис ӯро ҳамчун қонуншикан сабти ном карда, ба боздоштгоҳ мебарад.

Гуфта мешавад, Ҳошимҷон дар ширкати “Яндекс” ҳамчун пайкрасон кор мекард, аммо пас аз боздошташ ин ширкат барои раҳоии ӯ коре накардааст. Ҳошимҷон ҳоло дар боздоштгоҳ ва мунтазири истирдодаш ба Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, Рублевка як минтақаест наздик ба Маскав, ки онҷо аксаран сарватмандон ва коргарони баландмақоми ҳукумати Русия онҷо зиндагӣ мекунанд, аммо минтақаи мамнуъа нест.

Чандест пулиси Русия бо андактарин баҳонаҳо муҳоҷирон, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт ва ба Ватан истирдод мекунад. Ин вазъият дақиқан баъд аз ҳамлаи маргбори ” Крокус Сити Ҳолл”, ки муҳоҷимони асосии он шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд, шадидтар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.