Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав, ҳодиса шаби 11-уми июн дар деҳаи Тёрновкаи ноҳияи Наро-Фоминск рух додааст. Гуфта мешавад, наврас ба хонаи як марди 56-сола ворид шуда, бо корд ба соҳибхона ва писари 13-солаи ӯ ҳамла кардааст.
Дар натиҷа, мард аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, писараш бо захмҳои ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, гумонбар баъди ҳодиса аз ҷойи воқеа фирор кардааст, аммо баъдан аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд.
Расонаҳои русӣ, аз ҷумла “Российская газета”, бо истинод ба мақомоти тафтишотӣ навиштаанд, ки боздоштшуда зодаи Тоҷикистон аст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмӣ шахсияти ӯро ошкор накардаанд.
Кумитаи тафтишоти Русия ҳамчунин навори видеоеро нашр кардааст, ки дар он навраси боздоштшуда бо забони шикастаи русӣ ба даст доштан дар ҷиноят иқрор мешавад. Аммо маълум нест, ки ин навор дар чӣ шароит ва дар кадом марҳилаи тафтишот сабт шудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки оё наврас ҳангоми сабти навор аз ҳуқуқи дастрасӣ ба вакил ё намояндаи қонунӣ бархӯрдор будааст ё на.
Тибқи баъзе гузоришҳо, наврас қаблан соҳиби хонаро мешинохтааст ва гоҳ-гоҳ дар назди ӯ кор мекардааст. Вале ҷузъиёти ин робита ҳанӯз аз ҷониби тафтишот расман тасдиқ нашудааст.
Кумитаи тафтишоти Русия нисбат ба гумонбар бо моддаҳои марбут ба одамкушӣ ва қасди одамкуши парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Сабаб ва ангезаи ҳамла ҳоло маълум нест, таҳқиқи парванда идома дорад.
То ҳол назари худи наврас, вакили дифоъ ё наздикони ӯ дар бораи иттиҳомҳои эълоншуда дастрас нест. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи ҳолатҳои ҳодиса мавриди омӯзиш қарор доранд.
