Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Пулис ва Хадамоти амниятии Исроил як шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Хадамоти амниятии Исроил рӯзи 2-уми июл хабар дод, ки Беҳрӯз Собирҷон бо ин иттиҳом охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ дастгир шудааст.

Ба иддаои мақомоти исроилӣ, ӯ аз моҳи январ бо намояндаи Хадамоти ҷосусии Эрон дар тамос буда, ба ӯ аксҳо ва наворҳо аз маконҳои бархӯрди мушакҳоро фиристода, дар бораи чанд макони муҳими Исроил маълумот додааст ва талош кардааст ҷосусони навро ҷалб намояд.

Дар иттилоияи мақомоти Исроил зикр шудааст, ки гӯё Беҳрӯз Собирҷон дар давраи даргириҳои низомӣ байни Исроил ва Эрон, ки бо ҳамлаи Исроил ва ИМА ба Эрон дар 28-уми феврал оғоз шуд, ба ҷониби Эрон фаъолона иттилоъ интиқол медодааст.

Мақомоти исроилӣ инчунин иддао доранд, ки гумонбар дар ибтидо як пешниҳоди оддӣ гирифта буд, аммо баъд аз он ки фаҳмид бо намояндаи Хадамоти ҷосусии Эрон дар тамос аст, ҳамкориашро қатъ накард.

То ҳол назари Беҳрӯз Собирҷон ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.