Боздошти як тоҷик дар фурудгоҳи Модлини Лаҳистон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ

Кормандони Хадамоти марзбонии Лаҳистон дар фурудгоҳи Варшава–Модлин як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро боздошт карданд. Тибқи иттилои мақомот, ӯ бо парвоз аз Барселона вориди Лаҳистон шуда, ҳангоми расидан аз ҷониби марзбонон мавриди тафтиш қарор гирифт.

Ба гуфтаи мақомоти марзбонӣ, гарчанде шиносномаи ин шаҳрванди Тоҷикистон аслӣ будааст, вале дар дохили он муҳрҳои назорати сарҳадӣ, раводиди Литва ва дигар нишонаҳои расмӣ тағйирдодашуда ва қалбакӣ ошкор шудааст.

Ҳангоми пурсиш ин шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон гуфтааст, ки барои кор ба ҳайси ронанда ба Лаҳистон омадааст. Бар асоси иттилои Хадамоти марзбонии Лаҳистон, ӯ зимни бозпурсӣ гуфтааст, ки ҳуҷҷатҳои сохтакоришударо аз як миёнарав дар Тошканд дастрас намуда, барои онҳо 4 ҳазор доллар пардохт кардааст. Эҳтимол меравад худи ӯ аз қалбакӣ будани раводид ва муҳрҳои убур огоҳ набудааст.

Мақомоти Лаҳистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд ва ӯро дар убубри ғайриқонунии марз гунаҳкор дониста 500 злот (ҳудуди 132 доллар) ҷарима ва то 6 моҳ ҳукми зиндон содир карданд. Инчунин қарор дар бораи ихроҷи иҷборӣ ва манъи дубораи ворид шудани ӯ ба кишварҳои минтақаи Шенген барои се сол содир намудаанд.

Аммо ба назари огоҳон, ба эҳтимоли зиёд ин муҳоҷири тоҷик қурбонии шабакаҳои қаллобӣ ва миёнаравони фиребгар шавааст. Зеро қаллобони зиёде бо ҳайси миёнарав аз муҳоиҷрон пули зиёд дарёфт мекунанд, вале барои онҳо раводид ва дигар ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта медиҳанд.

Бо назардошти чунин ҳолатҳо, коршиносон ба муҳоҷирони тоҷик тавсия медиҳанд, ки ҳангоми омода кардани ҳуҷҷатҳои сафар ва корӣ танҳо аз роҳҳои қонунӣ ва ниҳодҳои расмӣ истифода кунанд ва ба доми фиребгарон наафтанд. Дар бисёр ҳолатҳо чунин шахсон худ қурбонии фиреб мешаванд ва баъдан бо мушкилоти ҷиддии ҳуқуқӣ низ рӯ ба рӯ мегарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози давраи нави машваратҳо байни Тоҷикистону Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола

Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола даври даҳуми машваратҳои солонаи сиёсиро дар шаҳри Вашингтон баргузор карданд.

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов даргузашт

Ҳунарманди маъруфи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания» Бахтиёр Раҳимов шаби 30-юми июн дар синни 56-солагӣ даргузашт.

Коҳиши дархости паноҳандагии тоҷикистониён аз Лаҳистон

Аз аввали соли ҷорӣ 62 шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон дархости паноҳандагӣ додаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 3% кам аст.

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия: Вақти он расида, ки бархе масъулони тоҷик таҳрим шаванд

КҲН бо нашри изҳороте гуфта, ки мақомоти Тоҷикистон ва кормандони муассисаҳои ислоҳӣ маҳбусони сиёсиро пайваста шиканҷа мекунанд.