Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба наздикони ӯ хабар додааст.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, боздоштшуда Улуғбек Элов ном дошта, бо номи Иброҳим низ шинохта мешавад. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе буда, дар яке аз боздоштгоҳҳои муҳоҷирати Амрико нигоҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи наздиконаш, Элов ҳуҷҷати қонунии иқомат дар Амрикоро надоштааст ва ба ҳамин сабаб аз ҷониби мақомоти муҳоҷират боздошт шудааст. Интизор меравад, парвандаи ӯро додгоҳи муҳоҷират баррасӣ кунад ва дар бораи ояндаи будубошаш дар Иёлоти Муттаҳида қарор қабул намояд.

Наздикони боздоштшуда ҳамчунин изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар сурати ихроҷи ӯ ба Тоҷикистон, эҳтимол бо мушкилот рӯбарӯ шавад. То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Ҳамчунин мақомоти Амрико низ то имрӯз дар бораи боздошти Улуғбек Элов ё ҷузъиёти парвандаи ӯ изҳороти расмӣ нашр накардаанд.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки солҳои охир мақомоти муҳоҷирати Амрико назоратро бар муҳоҷирони бе ҳуҷҷати иқомат сахттар карда, боздошт ва ихроҷи онҳо аз кишварро бештар намудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...