21.9 C
Dushanbe

Боздошти 3 узви гурӯҳи ҷиноии “Қодир Досонов” дар Қирғизистон

Дар вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон 3 узви гурӯҳи ҷиноии “Қодир Досонов”, ки ба қочоқи маводи мухаддир дар худи Қирғизистон ва берун аз он муттаҳам аст, боздошт шуданд.

Акс аз сомонаи КДАМ-и Қирғизистон

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздоштшудаҳо ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар самтҳои “Тоҷикистон – Кирғизистон – Узбекистон” гумонбар дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, ин 3 нафар 21-уми майи соли ҷорӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Азия Нефт” дар шаҳри Қадамҷойи вилояти Бодканд аз ҷониби кормандони КДАМ-и Қирғизистон боздошт шудаанд.

Аз боздоштшудагон 1,98 кг маводи бӯи хосдошта, эҳтимолан ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба навиштаи сомонаи расмии КДАМ-и Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии Бодканд ҷойгир шуда, барои муайян намудани аъзои дигари ин гурӯҳи ҷиноӣ чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Қодир Досонов бо лақиба “Ҷенго” яке аз чеҳраҳои маъруф дар олами ҷиноии Қирғизистон ба шумор рафта, чанд маротиба боздошт шуда, ба озодӣ баромадасст.

Қодир Досонов

Бори аввал ӯ соли 2012 дар Тоҷикистон боздошт ва ба Қирғизистон истирдод шуда буд, аммо соли 2013 додгоҳи шаҳри Ӯш ӯро сафед намуда, аз боздошт раҳо кард.

Дере нагузашта худи ҳамон сол Досонов дубора дар ҷустуҷӯ қарор гирифта, боздошт ва дар аввали соли 2014 додгоҳи вилояти Ӯш ӯро ба ҳабси хонагӣ равон кард.

Соли 2015 бори сеюм мақомоти қирғиз ӯро бо иттиҳоми фармоиш додани куштори полковники милитсия Толқунбек Шоноев дар пайгард қарор доданд. Худи Досонов ин иттиҳомро рад карда буд ва соли 2017 аз ҷониби Додгоҳи олии ин кишвар сафед карда шуд.

Бори чаҳорум Досонов моҳи ноябри соли 2020 бо гумони содир кардани ҷинояти вазнин дар пайгард қарор гирифта, моҳи феврали соли 2021 боздошт шуд.

Он замон раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев гуфта буд, ки дар боздошти охири ҷинояткор Қодир Досонов, КДАМ-и Тоҷикистон кумак расонидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.