Бозпурсии се рӯзаи модари Шарофиддин Гадоев

Модари як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон чанд рӯз аст мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифтааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон бо дархости Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) се рӯз пайи ҳам ба хонаи Ойиша Абдуллоева, модари яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон, Шарофиддин Гадоев рафта, дар бораи фарзандонаш ӯро пурсуҷӯ кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ду маъмури интизомӣ аз модари 72-солаи Шарофиддин Гадоев пурсидаанд, ки писараш “дар куҷо зиндагӣ мекунад? Маводи мухаддир истеъмол мекунад? Нос мекашад? Арақ мехӯрад?”.

Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Гадоев, раҳбарии ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар суҳбат ба Azda.tv бозпурсии модарашро аз ҷониби кормандони интизомӣ тасдиқ карда гуфт, ки “Онҳо аз вазъи саломатии ман пурсон шуданд, ки ягон беморӣ дорам ё надорам. Аз давраи кӯдакӣ то имрӯз пурсиданд, ки дар кадом мактаб хондаму кадом донишгоҳро хатм кардам ва чӣ хислатҳо дорам“.

Дар идома Гадоев гуфт, ки дар бораи ҷойи зисти худашу бародарҳояш, ки дар Русия кору фаъолият доранд пурсон шудаанду дар зери “анкета”-и омода кардаашон имзои модарашро гирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ то ҳол сабаби пурсуҷӯи серӯзаи модари Шарофиддин Гадоевро шарҳ надоданд.

Аммо худи раҳбарии ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” бар ин бовар аст, ки ҳадаф аз чунин пурсуҷӯи муфассал аз номи ФСБ кӯшиши сохтани “портрети шахсӣ”-и ӯст ва мақомоти амниятӣ мехоҳанд дар вақти зарурӣ аз он барои фишор овардан истифода баранд.

Шарофиддин Гадоев таъкид кард, ки пурсуҷӯйи модараш ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва мавқеъгириҳои ӯ дар робита ба ҷанги Русия алайҳи Украина рабт дорад. Ин мухолифи режими имрӯзаи Тоҷикистон соли гузашта ба Украина рафта, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоста буд, ки дар ҷанг аз тарафи Русия иштирок накунанд.

“Ба эҳтимоли зиёд ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки дар Русия зидди ман парванда бисозанд ва барои гаштугузори ман дар хориҷи кишвар монеа эҷод кунанд. Русия ҳам манфиатдор аст ва талош мекунад, ки нерӯҳои демократӣ дар Тоҷикистонро саркӯб кунад ва бо ин мақсадҳову ҳадафҳои ғаразноки худро дар Тоҷикистон пиёда кунад ” – мегӯяд ин мухолифи тоҷик.

Шарофиддин Гадоев, мухолифи режими имрӯзаи Тоҷикистон аз соли 2015 дар Аврупо зиндагӣ мекунад ва аз соли 2018 раҳбари ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Шарофиддин Гадоев моҳи феврали соли 2019 ба Маскав сафаре анҷом дод, ки бо рабуда шудану дар Тоҷикистон пайдо шуданаш анҷомид. Рабуда шудани ӯ сарусадои зиёдеро ба бор овард ва дар пайи дахолати кишварҳои аврупоӣ мақомоти Тоҷикистон маҷбур шуданд Шарофиддин Гадоевро баъди 17 рӯз раҳо кунанд ва ӯ субҳи 2 марти соли 2019 бо парвози Душанбе – Франкфурт бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки гуфта мешавад, бо ҳавопаймои ҳамин ширкат ӯро ба Тоҷикистон бурда буданд, ба Аврупо баргардонида шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.