Хабар
ҲУҚУҚИ ИНСОН
Талаби Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон: маҳбусони сиёсиро озод кунед!
Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хост, ки барои фаъолияти рӯзноманигорони мустақил, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ шароит фароҳам оварда, маҳбусони сиёсиро озод кунад.
Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои фаъолияти рӯзноманигорони мустақил, блогерҳо, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон шароити мусоид фароҳам оварда, маҳбусони сиёсиро озод кунад. Ин талабҳо рӯзи 23-юми ноябр дар ҷараёни 16-умин Муколамаи ҳуқуқи инсон миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе баён шудаанд.
Дар ин мулоқот ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Ева Палатова, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Хадамоти амалҳои хориҷии ИА ва Тоҷикистонро Фирӯз Орзузода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президентроҳбарӣ карда, ҷонибҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Хадамоти амалҳои хориҷии ИА дар баёнияи худ аз идомаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар самти ислоҳот дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон, демократия, волоияти қонун ва озодиҳои асосӣ изҳори омодагӣ карда, таъкид намудааст, ки эҳтиром ба ин арзишҳо барои таъмини субот, амният ва рушди устувор ба манфиати аҳолӣ аҳамияти асосӣ дошта, яке аз пояҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Аммо дар идома ҷониби Аврупо мақомоти Тоҷикистонро ба гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ, мутобиқ кардани қонунгузории миллӣ ва амалияи татбиқи он ба уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват кардааст.
Дар ин муколама Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз маҳдудиятҳои идомадори озодии баён ва озодии иттиҳодияҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ба зарурати фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти рӯзноманигорони мустақил, блогерҳо, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсонро таъкид намудааст.
Дар баёнияи расмӣ бидуни овардани номе аз маҳбусони сиёсӣ гуфта мешавад, ки ИА аз мақоти Тоҷикистон талаб намудааст, ки чанд тан аз маҳбусонро фавран ва бидуни қайду шарт озод кунанд.
Иттиҳоди Аврупо аз идомаи ҳамкории Тоҷикистон бо механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла баррасии гузоришҳои кишвар дар ниҳодҳои шартномавии Созмони Милали Муттаҳид ва иштирок дар Баррасии даврии универсалӣ истиқбол кардааст. Ҳамчунин аз Душанбе даъват намудааст, ки тавсияҳои дар доираи ин механизмҳо пешниҳодшударо амалӣ созад ва тавсияҳои мақомоти ҳуқуқи инсони СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро иҷро намуда, ҳамкории созандаро бо механизмҳои байналмилалӣ идома диҳад.
Дар ҷараёни баррасии ҳамкориҳои бисёрҷониба Иттиҳоди Аврупо инчунин аз изҳороти қаблии намояндаи олии ин иттиҳод дар бораи хуруҷи Тоҷикистон аз Оинномаи Рими Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ёдовар шуда, аз қарори Тоҷикистон барои хориҷ шудан аз ин санад изҳори таассуф кардааст ва аз мақомоти кишвар қатъиян даъват намудааст, ки ин тасмими худро бозбинӣ карда, онро бекор кунанд.
Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин таъкид кардааст, ки пешрафти воқеӣ дар самтҳои ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва демократия ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таъсиргузор хоҳад буд. Ин масъала, аз ҷумла, дар доираи Созишномаи шарикии густаришёфта ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аҳамият дорад.
Дар баробари нигарониҳо, ИА баъзе иқдомҳои Тоҷикистонро низ мусбат арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла, талошҳо дар самти таъмини баробарӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон, ислоҳоти низоми муассисаҳои ислоҳӣ ва тасвиби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон дар 1-уми октябри соли 2026 зикр шудаанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти идомаи табодули мунтазами назарро дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон таъкид кардаанд ва бояд гуфт, даври навбатии Муколамаи ҳуқуқи инсон миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо соли 2027 дар шаҳри Брюссел баргузор мешавад.