Хабар
ҲУҚУҚИ ИНСОН
Додгоҳи Олмон як қарорро дар парвандаи Дилмурод Эргашев бекор кард
Додгоҳе дар Олмон як қарори Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагии ин кишварро дар мавриди Дилмурод Эргашев бекор кард.
Додгоҳи маъмурии шаҳри Дюсселдорфи Олмон як қарори Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагии ин кишварро (BAMF) дар мавриди шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистон Дилмурод Эргашев бекор ва таъкид кардааст, ки ин идора ҳангоми қабули қарор аз доираи салоҳияти худ берун рафта, тартиби муқарраршудаи қонунро риоя накардааст.
Тибқи ҳукме, ки 9-уми ноябри соли 2026 содир шуд, додгоҳ қарори маъмурии ин ниҳодро аз 18-уми июли соли 2024, ки дар он қарор мақомоти Олмон манъи ихроҷи Эргашевро рад карда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари таъиноти эҳтимолии ихроҷи ӯ муайян карда буданд, бекор кард.
Ба гуфтаи додгоҳ, пас аз анҷоми ниҳоии расмиёти паноҳандагӣ, салоҳияти қабули қарорҳо дар бораи қатъи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Олмон, аз ҷумла муайян кардани кишвари ихроҷ, ба мақомоти маҳаллии масъули масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ (Ausländerbehörde) тааллуқ дорад, на BAMF.
Илова бар ин, додгоҳ таъкид кардааст, ки BAMF бе дархости пешакии худи Эргашев ҳақ надошт дар бораи мавҷуд набудани манъи ихроҷи ӯ ё вуҷуд надоштани монеаи ҳуқуқӣ, қарор қабул кунад.
Дар баробари ин, додгоҳ дархостҳои дигари Эргашевро дар бораи эътирофи мақоми гуреза, гирифтани паноҳандагӣ ва ҳимояти иловагӣ аз рӯи моҳият баррасӣ накардааст. Сабаб ин буда, ки ӯ пеш аз муроҷиат ба додгоҳ барои гирифтани ин мақомҳо ба мақомоти масъули Олмон дархости дахлдор пешниҳод накарда будааст ва аз ин рӯ даъвои ӯ танҳо қисман қонеъ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон моҳи ноябри соли 2024 узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилмурод Эргашеви 40-соларо, ки аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебурд ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст, ба Тоҷикистон ихроҷ кард.
Эргашев дар остонаи ихроҷаш, 5-уми ноябри соли 2024 қасди худкушӣ карда, рагҳои дасту пойи худро бурида буд ва ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол доданд, вале баъдан бо вуҷуди вазъи бади саломатиаш ӯро ба боздоштгоҳ баргардонида ва сипас ба Тоҷикистон истирдодаш карданд.
Пас аз истирдод ин фаъолро кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карда, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд ва то моҳи июли соли 2025 дар бораи сарнавишти ӯ чизе маълум набуд.
Баъдан маълум шуд, ки 27-уми феврали соли 2025 Додгоҳи ноҳияи Сино ӯро ба иттиҳоми сохтаи “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ” гунаҳкор дониста, ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Эргашев ягона фаъоли мухолифи тоҷик нест, ки пас аз истирдод аз Олмон ба Тоҷикистон зиндонӣ шудааст. Аз соли 2023 ба ин сӯ Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Асадулло Бобоев низ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 17 соли зиндон маҳкум шудаанд.